23.9 C
Dushanbe

Ба зодагонии Тоҷикистон дигар шаҳрвандии Русияро намедиҳанд?

Дар баробари дигар маҳдудиятҳо дар Русия мехоҳанд додани шаҳрвандӣ ба зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба тоҷикҳоро муваққатан боз доранд.

Раҳбари ҳизби “Справедливая Россия — За правду” Сергей Миронов, ки муаллифи даҳҳо қонуни зидди муҳоҷират аст, гуфтааст, ки афзоиши шумораи муҳоҷирон таҳдид ба амнияти миллӣ дорад.

“Ман даъват мекунам, ки то соли 2030 додани шаҳрвандӣ ва иҷозати иқомат ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ муваққатан манъ карда шавад. Танҳо ба ин роҳ мо метавонем вазъиятро устувор кунем ва мушкилоте, ки имрӯз аз сабаби омадани оммавии шаҳрвандони хориҷӣ ба вуҷуд меоянд, ҳал намоем”, — изҳор доштааст Миронов.

Бар асоси маълумоти ВКД Русия, дар ин кишвар зиёда аз 6,5 миллион муҳоҷир қарор доранд, ки ҳудуди 4 миллионаш зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд.

Ба иддаои Миронов, танҳо қисме аз онҳо кор мекунанд, дар ҳоле, ки боқимонда аз инфрасохтори иҷтимоӣ, аз ҷумла беморхонаҳо ва мактабҳо истифода мебаранд. Бо ҳамин баҳона 9-уми сентябри соли ҷорӣ, ҳизби зери раҳбарии ӯ ба Думаи давлатӣ лоиҳаи қонунеро пешниҳод намуд, ки тибқи он вуруд ва иқомати аъзои хонаводаи муҳоҷирони корӣ дар ин кишвар манъ карда мешавад.

Тибқи оморҳои расмӣ, танҳо дар соли 2024 шаҳрвандии Русияро тақрибан 209 ҳазор хориҷӣ ба даст оварданд, ки аз ин шумора, ҳиссаи зиёдашро зодагони Тоҷикистон бо 45,2 ҳазор нафар ташкил доданд. Инчунин дар нимсолаи аввали соли 2025 ба хориҷиён тақрибан 114 ҳазор иҷозати кор дода шуд, ки ин 1,5 маротиба бештар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Ҳизби “Справедливая Россия – За правду” муаллифи даҳҳо қонуни зидди муҳоҷирӣ буда, дар Думаи давлатии Русия барои маҳдуд сохтани фаъолияти муҳоҷирон дар ин кишвар телеграм-боти “Стоп мигрант” фаъол кардааст.

Ба иддаи муаллифони тарҳ, тариқи ин бот шаҳрвандон метавонанд дар бораи қонуншиканиҳои эҳтимолӣ аз ҷониби муҳоҷирон хабар диҳанд.

Ин ҳизб ҷонибдори ҷорӣ намудани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, манъи ҷалби муҳоҷирон ба соҳаҳои иҷтимоӣ, ба мисли сохтмон ва нақлиёт мебошад.

Ҳамзамон Сергей Миронов раҳбари ин ҳизб борҳо гуфта буд, ки танҳо муҳоҷироне бояд ба Русия роҳ дода шаванд, ки дорои маълумоти биометрӣ ва суғуртаи тиббии пулакӣ ҳастанд ва маблағи махсусе барои эҳтимоли ихроҷи муҳоҷирон аз онҳо пешакӣ ситонида шавад, то бо пули андози “русҳо” ин кор сурат нагирад.

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои “Крокус Сити Ҳолл”, ки гумонбарони асосияш муҳоҷирон мебошанд, дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ба авҷи худ расида, бо ин баҳона дар Русия чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардид, ки шароити бе ин ҳам вазнини корӣ барои муҳоҷиронро мушкилтар мекунад.

Ин пешниҳоду қабули қонунҳо дар ҳоле аст, ки мувофиқи оморҳои расмӣ, Русия худ ба беш аз 2,2 миллион қувваи корӣ ниёз дорад, вале ба гуфтаи коршиносон, ҳар гоҳ дар дохили Русия мушкилоте пайдо шавад, мақомот фазои муҳоҷирбадбиниро ба вуҷуд меоранд, то таваҷҷуҳи шаҳрвандонро аз мушкилоти асосӣ дигар тараф равона кунанд ва маҳз ҳодисаи “Крокус” ба мақомот ин имконро фароҳам овардааст. 

Ҳамчунин коршиносон таъкид мекунанд, ки соли 2026 дар Русия интихоботи парллумонӣ баргузор мешавад ва ҳизбҳое, ки то ҳол намояндагии маҳдуд дар Дума доранд, мисли “Справедливая Россия — За правду” ё “Новые люди” талош доранд аз ин фазои бавуҷудоварда дар Русия истифода намуда, курсиҳои худро соли оянда бештар кунанд. Пешниҳод кардани ташаббусҳое, ки бо маҳдуд кардани ҳуқуқи муҳоҷирон вобастаанд, барои онҳо роҳест, то дастгирии қисми интихобкунандагонро ба даст оваранд, ки аз сиёсати шадидтар дар соҳаи муҳоҷират ҷонибдорӣ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Эҳзори сафири Исроил дар Иморот

Давлати Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба ҳамлаи Исроил ба Давҳаи Қатар сафири Исроил дар ин кишварро эҳзор кард.

Ҳимоятгари ҳукумат бо зоҳири исломӣ ба фиреби мардум машғул аст?

Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз фиребу қаллобии як мубаллиғ ва ҳимоятгари ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бо номи Оятуллоҳ Гилаев шикоят мекунанд.

Лукашенко 52 зиндонии сиёсии дигарро озод кард

Мақомоти Беларус 52 маҳбуси сиёсиро, ки миёнашон 14 хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Британияи Кабир, Фаронса, Литва, Латвия, Лаҳистон ва Олмон низ ҳастанд, озод кард.

Ба Пирмуҳаммадзода иҷозаи ҷарроҳиро надоданд

Мақомоти зиндонҳо ба рӯзноманигор ва зиндонии сиёсӣ Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ки талхааш пусидаасту ба ҷарроҳии фаврӣ ниёз дорад, иҷозаи ҷарроҳиро надодаанд.