Байни шаҳрҳои Русия ва Тоҷикистон то охири сентябр 71 парвози чартерии иловагӣ анҷом мешавад
Акс: Интернет Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки аз 16-ум то 30-юми сентябри соли равон барои бозгардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия 71 парвози иловагии чартерӣ ё ғайринақшавӣ ташкил гардидааст. Ба гуфтаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон парвозҳо аз шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Краснодар, Новосибирск, Екатеринбург, Иркутск, Уфа ва Сургут ба Душанбе роҳандозӣ шуда, аз […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Акс: Интернет
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки аз 16-ум то 30-юми сентябри соли равон барои бозгардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия 71 парвози иловагии чартерӣ ё ғайринақшавӣ ташкил гардидааст.
Ба гуфтаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон парвозҳо аз шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Краснодар, Новосибирск, Екатеринбург, Иркутск, Уфа ва Сургут ба Душанбе роҳандозӣ шуда, аз ҷониби ширкати “Сомон Эйр” анҷом дода мешавад. Аз рӯи ин нақша дар ду ҳафта танҳо як ҷониба аз самти Русия ба Душанбе сурат мегиранд, дар мавриди аз Душанбе ба Русия ҳеҷ иттилое дарҷ нагардидааст.
Парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистону Русия аз нимаи моҳи марти имсол бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши коронавируси нав қатъ шуда буд. Тоҷикистон то ба имрӯз барои овардани шаҳрвандонаш аз Русия даҳҳо парвози чартерӣ роҳандозӣ намудааст, вале муҳоҷирон аз гарон будани нархи чиптаҳо борҳо шикоят карда буданд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз нафароне, ки ба Тоҷикистон бармегарданд, хостааст, бо худ маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани сирояти коронавирус (COVID-19) дошта бошанд ва онро на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) пеш аз омадан ба Тоҷикистон дастрас намоянд. Пешниҳоди маълумотнома барои кӯдакони то се сола озод мебошад.