Байни шаҳрҳои Русия ва Тоҷикистон то охири сентябр 71 парвози чартерии иловагӣ анҷом мешавад

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки аз 16-ум то 30-юми сентябри соли равон барои бозгардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия 71 парвози иловагии чартерӣ ё ғайринақшавӣ ташкил гардидааст.

Ба гуфтаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон парвозҳо аз шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Краснодар, Новосибирск, Екатеринбург, Иркутск, Уфа ва Сургут ба Душанбе роҳандозӣ шуда, аз ҷониби ширкати “Сомон Эйр” анҷом дода мешавад. Аз рӯи ин нақша дар ду ҳафта танҳо як ҷониба аз самти Русия ба Душанбе сурат мегиранд, дар мавриди аз Душанбе ба Русия ҳеҷ иттилое дарҷ нагардидааст.

Парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистону Русия аз нимаи моҳи марти имсол бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши коронавируси нав қатъ шуда буд. Тоҷикистон то ба имрӯз барои овардани шаҳрвандонаш аз Русия даҳҳо парвози чартерӣ роҳандозӣ намудааст, вале муҳоҷирон аз гарон будани нархи чиптаҳо борҳо шикоят карда буданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз нафароне, ки ба Тоҷикистон бармегарданд, хостааст, бо худ маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани сирояти коронавирус (COVID-19) дошта бошанд ва онро на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) пеш аз омадан ба Тоҷикистон дастрас намоянд. Пешниҳоди маълумотнома барои кӯдакони то се сола озод мебошад.

Ҳамчунини, рӯйхати шаҳрвандонро барои бозгашт ба Тоҷикистон кумисюни вижа дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва консулгариҳои генералии кишвар дар Русия анҷом медиҳанд,- гуфтааст ВКХТ.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта даҳҳо муҳоҷири тоҷик шикоят карда буданд, ки миёнаравҳо билетҳоро арзон харидаву бо нархи гарон ба дигарон мефурӯшанд. Сафири Тоҷикистон дар Русия вуҷуди миёнаравҳоро рад карда буд.

Коршиносон дар робита ба ин масъала мегӯянд, ки вуҷуди миёнаравҳо дар фурӯхтани биллетҳо мушкилии муҳоҷиронро боз ҳам бештар кардааст. Нархи билетҳо вақте аз ҷониби ширкатҳои ҳавоии муайян мешавад, он ба таври расмӣ эълон ва дастраси ҳамагон намегардад, аз ин рӯ, дар ин байн миёнарвҳо ва манфиатҷӯҳо пайдо мешаванд, ки болои нархҳои муайяншуда чанд баробар илова намуда ба муҳоҷирони корӣ мефурӯшанд.

Cафири Тоҷикистон дар Русия Имомиддин Сатторов қаблан гуфта буд, ки нархи билет барои парвозҳои чартерӣ 24 ҳазор рубли русист. Вале як муҳоҷир дар суҳбат ба “Azda.tv” гуфта буд, ки нархи билет на онест, ки сафир мегӯяд. Вақте муҳоҷирон барои хариди билет муроҷиат мекунанд нархи як билет 45-50 ҳазор, ҳатто 70 хазор рубл гуфта мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.