30.9 C
Dushanbe

Байни Тоҷикистону Туркманистон роҳи оҳан боз мешавад

Парлумони Тоҷикистон рӯзи 24-уми январ Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳанро ба тасвиб расонд.

Вакилон дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расоидани ин созишномаро муфид барои ду кишвар донистанд.

“Дар ҷаласаи Шӯро таъкид гардид, ки тасдиқ гардидани Созишномаи мазкур ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии байналмилалии ҳамлунақл, содирот, воридот ва транзити бор бо нақлиёти роҳи оҳан байни Тоҷикистону Туркманистон, таҳкими ҳамкории дуҷониба, зиёд гардидани гардиши молу маҳсулот миёни ҳарду кишвар, бо истифода аз роҳҳои оҳани транзитӣ ва бандари обии Туркманбошии Туркманистон тавассути Баҳри Каспий баромадан ба роҳҳои оҳани дигар кишварҳои Аврупо, инчунин барои ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакатамон –раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мусоидат менамояд.”, омадааст дар хабар Парлумони Тоҷикистон.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Эрон: Аврупо таҳдиду фишорро канор гузорад

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои кишварҳои...

Тоҷикистон аз “Роғун” ба Узбакистон барқ мефурӯшад

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пеш аз анҷоми корҳои...

Русия муҳоҷиронро бе ваксина ба кор роҳ намедиҳад?

Мақомоти Рурия мехоҳанд, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани...

Интиқоли Гулмурод Ҳалимов ба минтақҳои наздимарзии Тоҷикистон

Бархе расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи...