БАЁНИЯИ Azda tv ба иттиҳомоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон
Идораи Azda tv иттиҳомоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар хусуси парвандаи журналист Абдуллоҳи Ғурбатиро, ки гӯё вай 13-уми ноябри соли 2019 дар шабакаи иҷтимоии Ютуб дар канали Azda tv узв шуда, “наворҳои паҳннамудаи онро пайгирӣ намуда, барои рангин созии барномаҳои худ истифодабарӣ менамудааст”-ро ҚАТЪИЯН РАД КАРДА ВА БЕ ПОЯ МЕДОНАД. Акс: Интернет AZDA TV ИН ИТТИҲОМОТИ […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Идораи Azda tv иттиҳомоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар хусуси парвандаи журналист Абдуллоҳи Ғурбатиро, ки гӯё вай 13-уми ноябри соли 2019 дар шабакаи иҷтимоии Ютуб дар канали Azda tv узв шуда, “наворҳои паҳннамудаи онро пайгирӣ намуда, барои рангин созии барномаҳои худ истифодабарӣ менамудааст”-ро ҚАТЪИЯН РАД КАРДА ВА БЕ ПОЯ МЕДОНАД.
Акс: Интернет
AZDA TV ИН ИТТИҲОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛИИ КИШВАРРО БАҲОНАЕ БАРОИ ПАРВАНДАСОЗӢ АЛАЙҲИ ҒУРБАТӢ ВА ФИШОРИ НАВБАТИИ МАҚОМОТ АЛАЙҲИ РАСОНАҲОИ МУСТАҚИЛ БАҲО МЕДИҲАД.
Аз сӯи дигар Идораи Azda tv ба самъи тамоми мақомоти Тоҷикистон ва ҳама мухотабони худ мерасонад, ки он тарҳи расонаии “Бунеди ҳамгароиҳои фарҳангӣ” мебошад, ки ин бунед дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон сабт шудааст. Ин расона бо маблағгузории NED (National Endowment for Democracy), ниҳоди мустақили Амрикои фаъолияти худро ба роҳ монда, ба ҳеч ҳизбу ҳаракати сиёсие марбут нест.
Azda tv ҳамчун як расонаи мустақил ба ҳамон андозае, ки ахбори расмии ниҳодҳои Ҳукумати Тоҷикистонро пайгирӣ ва пӯшиш медиҳад, ба хабару гузоришҳои расмии гурӯҳҳои мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон низ таваҷҷуҳ мекунад.
Пайгирӣ ва пӯшиш додани ахбор вазифаи ҳар як расонаи мустақил буда, Azda tv ҳам ин амалро вазифаи худ медонад. Биноан, ҳар касе ва ё ҳар ниҳоде дониста ва надониста адои ин рисолатро ба ҳамкорӣ ва ҳамсӯӣ бо гурӯҳҳо ва ё ниҳодҳое мансуб донад, иштибоҳ мекунад.
Дар охир ин нуктаро таъкид мекунем, ки Azda tv ҳамчун як расонаи мустақил аз рӯзи 1-уми июли соли 2020 расман кори худро оғоз кард ва то ин муддат ҳеч гоҳ Абдуллоҳи Ғурбатӣ “барои рангинсозии барномаҳои худ” аз наворҳои Azda tv истифода накардааст.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.