32.9 C
Dushanbe

Баҳром Иноятзода: Дар Тоҷикистон адолати судӣ нест

Сурат: Радиои Озодӣ

Баҳром Иноятзода раиси собиқи шаҳри Кулоб пас аз хонда шудани ҳукмаш ба 12 соли зиндон гуфтааст, ки дар Тоҷикистон адолатӣ судӣ нест.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Баҳром Иноятзода дар вокуниш ба ҳукми додгоҳ гуфтааст:

“О, барои кори давлатро анҷом додан, иншооти давлатиро сохтан, Кӯлобро обод кардан 12 сол медиҳанд? Агар хонаамро обод мекардам, майлаш буд. Агар пулро аз они худ мекардам, майлаш буд. Адолати судӣ дар Тоҷикистон нест, нест.”

Рӯзи 20-уми ноябр додгоҳи минтақаи Кӯлоб, Баҳром Иноятзодаро ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Ӯро ба суистифода аз мансаб ва ҷиноятҳои дигар гунаҳкор донистанд.

Дилором Самиева ҳамсари Иноятзода гуфтааст, ки ба ҳукми додгоҳ розӣ нест, ба зинаҳои боло муроҷиат мекунанд ва айбномаҳое, ки нисбати Иноятзода эълон гардидааст, воқеият надорад.

Дар идома гуфтаанд, ки ӯ 37 соли умри худро сарфи корҳои давлатӣ кард натиҷааш 12 сол паси панҷара аст. Вале додраси парвандаи Иноятзода ҳангоми қироати ҳукм гуфтааст,  иттиҳомҳои қаблан эълоншуда тасдиқи худро ёфтаанд.

Иноятзода ба ҳайси раиси шаҳри Истаравшан, вакили Маҷлиси Миллӣ фаъолият кардааст. То дастгир шуданаш дар курсии раиси шаҳри Кӯлоб менишаст.

Замони Раиси шаҳри Истаравшан фаъолият карданаш, бо адешаҳои зидду нақизаш ниссбати диндорон дар ҷомеа шинохта шуда буд. Ӯ он замон гуфта буд, нафароне, ки ба масҷид мераванд бо ақидаи солим берун намеоянд.

Моҳи июни имсол аз ҷониби маъмурони амниятӣ боздошт шуд, бар асоси шаш моддаи қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, гирифтани пора, аз они худ кардани молу мулки ба зимааш гузошташуда ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин муттаҳам мешавад.

Иноятзода моҳи феврали соли гузашта моликони ширкати “Комил-2010”, мансуб ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистонро танқид карда буд.

Ҳамчунин Бег Сабурро ба хотири пардохт накардани қарзҳои давлатӣ  “Хоҷа Аҳрори Валӣ” ном ниҳода буд, ки аксари корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастгир ва зиндонӣ шуданашро натиҷаи он танқиди сахташ аз қудои раисҷумҳур медонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Эълони ҳукми зиндони сарбозоне, ки наваскаронро латтукӯб карданд

Чанд сарбозе, ки дар як навор навсакаронро бераҳмона латтукӯб мекарданд, ҳамаи онҳо равонаи зиндон шуданд.

Сафорат боздошти муҳоҷирон дар Митиноро шарҳ дод

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ пас аз боздошти беш аз 150 муҳоҷири корӣ, ки дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоби густарда ёфт, шарҳ дод.