Баҳс дар Парлумон. Чаро гушту тухми мурғ дар Тоҷикистон гарон аст?

Вакилони Парлумони Тоҷикистон зимни қабули тайғиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” масъалаи боло рафтани нарху наворо аз раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон Абдумаҷид Муъминзод, пурсидаанд. Ӯ дар ҷавоб мушкилоти гаронии маводи озуқаро ба омилҳои беруна рабт додааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ  Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва вакили Маҷлиси Намояндагон, аз Абдумаҷид Муъминзод пурсидааст, ки аксар анвои хӯрокворӣ барои паранда дар ҳудуди Тоҷикистон истеҳсол мешавад, агар гӯшт ё тухмро аз хориҷа ворид кунем, аз нархи тухм ва гӯшти мурғи Тоҷикистон арзонтар аст.

Барои воридот имтиёз ҳаст. Аз бисёр чизҳо озод кардем, лекин ворид карда наметавонанд. Ин ҷо камбуд чӣ аст, манфиати касе ё гурӯҳи дигаре?

“Сохтори Шумо дар ҳамкорӣ бо мақомоти коррупсия, прокуратура ва палатаи ҳисоб назорат мекунанд? Шумо якҷо бо мутахассисон тафтиш кардед? Фикр намекунам, дар идораи Шумо шахсияте бошад, ки “ревизия” карда тавонад, дар ин бора чӣ гуфта метавонед?”, – гуфтааст Усмонзода ба Мӯъминзод.

Вале Абдумаҷид Муъминзод ба ин суол посухи дақиқ надода, танҳо илова кардааст, масъалае, ки имрӯз дар ҳузури вакилон баррасӣ доранд, ҳамкории ниҳоди зери раҳбарияшро бо дигар мақомот, аз ҷумла додситониву коррупсия пешбинӣ кардааст.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ҳоло як дона тухми мурғ аз як сомонӣ то як сомону панҷоҳ дирам нарх дорад. Дар ҳоле, ки барои рушди соҳаи мурғпарварӣ ва истеҳсоли гушту тухми мурғ имтиёзҳои фаровоне аз ҷониби давлат дода шудааст, вале ҳанӯз ҳам нарху наво хеле гарон аст.

Коршиносн яке аз омилҳои боло будани нарху наворо дар инҳисор намудани тиҷоратҳои бузург аз ҷониби хонаводаҳои мақомдорон мебинанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки баъд аз кушода гардидани корхонаи парандапарварии ноҳия Данғара, корхонаи мурғпарварии ноҳияи Файзобод  барҳам дода шуд.

Баъд аз бозкушоии марзҳо байни Тоҷикистону Узбекистон соли 2018 дар Тоҷикистон нархи тухм ва гушти мурғ хело арзон гардида буд, ҳатто нархи орд ҳам поин рафт, аммо пас аз чанд вақт Ҳукумати Тоҷикисон қарор қабул намуда, воридоти зиёда аз 16 навъи маҳсулоти хуроквории Узбекистонро мамнӯъ эълон кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Навори баҳси сокини маҳаллӣ бо ду муҳоҷири тоҷик дар Аврупо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехт

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки гуфта мешавад...

Интиқоли 200 зани маҳкумшудаи тоҷик аз Русия ҳанӯз оғоз нашудааст

Раванди интиқоли 200 зани маҳкумшудаи тоҷик аз зиндонҳои Русия...

Муовини раисҷумҳури ИМА Исроилро ба талоши тӯлонӣ кардани ҷанг бо Эрон муттаҳам кард

Муовини раисҷумҳури ИМА Ҷей Дӣ Вэнс изҳор дошт, ки...

Додгоҳи Австрия дархости истирдоди Шавкати Муҳаммадро баррасӣ мекунад

Додгоҳи ҷиноии шаҳри Вена қарор аст рӯзи 5 август...