14.9 C
Dushanbe

Баҳси тарафҳо: яке даъвои пирӯзӣ мекунад, дигаре омодаи посух гуфтан аст

Ҳафиз Бобоёров донишманди тоҷик рузи 15 январ дар саҳифаи фейсбукиаш навишта, ки сабаби масдуд шудани сомонаи “Кимёи саодат” фошкориҳои маводи зиддибашарии он буд.

Ӯ менависад: “Дар ин сомона ва дигар сомонаҳою пойгоҳҳои шабеҳи он рӯзона хабарҳо ва маълумот аз дидгоҳи Ҷумҳурии исломии Эрон, аз он ҷумла дар мавриди ҷиҳод, куфр, ояндаи ҷаҳон ва нақши бартари Ислом ва мусулмонон дар он, мақоми дуюмдараҷа ва вобастаи дигар динҳо ва миллатҳо, бахусус Исроил дар ин ҷаҳон пахш мегардид.”

Бобоёров инро пирӯзӣ ном бурда, мегӯяд, ки “барои пойдории ин пирӯзӣ набояд фурсате ором нишаст”.

Дар зери ин коридаи Бобоёров, аксари корбарон шаҳрҳои зиёд навиштаанд, аз ҷумла рӯзноманигори тоҷик, Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён навишта, ки поёгоҳи “Кимёи саодат” пойгоҳи тарғиботии тобеъи Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ буд.

Хафиз Бобоёров дар посухи катбӣ ба ин пурсишҳои хабарнигори “Аздо.тв”, ки оё қатъи дастрасӣ ба ин пойгох аз ҷониби муассисонаш сурат гирифта ва ё аз ҷониби ниҳоди махсусе? Оё Шумо низ дар ин фошкориҳо саҳме доштед, чунин навишт:

  • Кимиёи саодат вуҷуд дорад, аммо матолибаш боз намешавад. Гумонам, молики он дастрасиро қатъ кардааст. Дар робита ба Рисолат намедонам.
  • Бале, чанд чизе дар мавриди матолиби Кимиёи саодат навишта ва дар саҳифаи фейсбукии худ нашр кардаам. Ба ҷуз ин, борҳо бо Сайидюнуси Истаравшанӣ баҳсу баррасиҳо ва раддубадалҳо кардаем.

Хамчунин Саийдюнуси Истаравшанӣ низ дар посухи катбие ба суоли “Аздо тв” чавоб дод ва “иддаоҳои Ҳ.Бобоёров ро рад намуда гуфт, ки пойгоҳи “Кимёи саодат” бо фишори Бобоёров ва ё каси дигар таътил нашуда, балки ба зуди боз ба кори худ шуруъ мекунад ва ҳамчунин қайд намуда, ки омодааст дар сӯҳбати рӯ дар рӯ бо Ҳ.Бобоёров ба ҳама иддаоҳои ӯ посух гӯяд.

Посухи Сайидюнуси Истаравшанӣ, донишманди динии тоҷик:

“Ёддошти ҷаноби Бобоёровро дидам. Эшон иддаое бузургтар аз ҳаҷми худ кардааст. Чунин нест, ки иллати таътилии сойти “Кимиёи саодат” фишорҳои эшон ва амсоли эшон буда бошад чунонки иддао мекунад. Сойти “Кимиёи саодат” ба зудӣ аз нав фаъол хоҳад шуд. Агар қарор бошад банда фаъолияти худ дар сойтро ба хотири фишори ину он таътил кунам, дар баробари фишорҳои Раҳмону Ятимов ва куллан ҳукумат таътил ва ё мутаваққиф мекардам. Ҷаноби Бобоёровро тавсия мекунам бузургтар аз ҳаҷми худ иддао накунанд.

Сониян, эшон зимнан иддао мекунад, ки мо мунодӣ ва мубаллиғи “ифротгароӣ” будаем. Ин ҳам як иддаои пучу бедалел. Сойти “Кимиёи саодат” беш аз 10 сол аст, ки фаъол аст ва дар ин муддат ҳазорон хонанда ва бинанда дошт, хонандаҳои ин сойт медонанд, ки банда мубаллиғи чӣ фарҳанге ҳастам. Бале, банда ифтихор мекунам, ки мусалмон ҳастам ва маро дар зумраи ба истилоҳ “исломгароёни сиёсӣ” зикр мекунанд. Ин мояи ифтихор аст. Аммо ин ки мубаллиғи ифротгароӣ ва ҷангу куштору тундравӣ бошам, масалан чизе шабеҳи ДОЪИШ ва ё Алқоъида, ин як иддаои пучу тухоли аст.

Солисан, бароям воқеан мояи таассуф аст, ки эшон таътил шудани як садоро, ҳоло он садо ҳар садое бошад, чи хушоянди эшон бошад ва чи набошад, барои худ пирӯзӣ ва дастовард қаламдод мекунад! Ин ҷойи таассуф дорад. Бо ин ҳол, фарқи эшон бо амсоли Раҳмону Ятимов чист? Ин ду низ тамоми ҳамму ғаммашон бастану таътил кардани садоҳост.

Дар поён, аз ҷаноби Бобоёров тақозо мекунам, дар як барномаи зинда дар ҳамин расонаи “Аздо” ҳозир шаванд ва рӯ дар рӯ ин иддаои худро бароям собит кунанд, он вақт посухи маро хоҳанд шунид, албатта, агар эшон ҷуръати гуфтугӯ бо бандаро дошта бошанд”.

Дар ҳамин ҳол, моҳе пеш (тақрибан 20 декабри 2020) корбаре бо номи Рашид Рашидиён дар шабакаи фейсбук, ки аксари корбарону фаъолон ӯро “фейк-афсари фабрикаи ҷавоб” ном мебаранд, мақолаи Наҷмиддини Шоҳинбод, шореҳи “ИмрӯзNews”-ро дар саҳифаи фейсбукиашон бознашр кард, ки дар он аз Саймумин Ятимов раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамчун “сарбози содиқи амнияти миллӣ” ёд шуда, ӯро мутахассиси варзидаи ҷабҳаи иттилоот ва пирӯзи он муаррифӣ мекунад. Ва соҳибони сомонаҳои басташударо тундгаро, фирориёну иғвоангези берунӣ ном бурда чунин менависад:

“Саймумин Ятимов ҳоло ба тадриҷ дар ҷабҳаи ҷанги иттилоотӣ бар зидди тундгароён, фирориёни иғвоандози берунӣ ва ҳазорҳо блогерҳову сомонаҳои ифротӣ бартарӣ дорад. Иттилооти дастрас ба омма ва бо далелҳои муътамад, ҳатто мухолифини ашаддиро аз майдони мубориза берун баровард. Масалан дар 10 моҳи имсол 4 сомона, 127 сафҳаи блогерҳо, ду созмони таблиғотӣ дар хориҷи кишвар маҷбур шуданд фаъолияти худро қатъ кунанд.”

Баҳси баста гардидани вебгоҳи “Кимёи саодат” замоне гарм шуд, ки Вазорати адлияи Амрико 16 декабри соли 2020, 92 вебгоҳеро, ки ба гуфтаи он муфаттишони амрикоӣ онҳоро марбути созмонҳои ҷосусии Ҷумҳурии исломии Эрон донистаанд, масдуд кард.

Дар байни ин вебгоҳҳо вебгоҳи “Рисолат” (risolattj.com), ки бо забони тоҷикӣ барои тоҷикистониён ва тоҷикзабонон матлаб нашр мекард, масдуд гардид.

Агарчӣ вебгоҳи “Кимёи саодат” дар рӯйхати Вазорати адлияи Амрико набуд, вале аз фаъолият бозмондани он баъд аз нашри ин хабар расонаӣ шуд. Бинобар ин як ҷониб дар ин баҳс иддао дорад, ки вебгоҳе, ки Сайидюнуси Истаравшанӣ идорааш мекард, онро низ Вазорати адлияи Амрико масдуд карда ва ё ҳадди ақал бо фишори онҳо масдуд шудааст, вале худи С.Истаравшанӣ ин иддаоро рад мекунад.

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон шомили кишварҳои олудатарини ҷаҳон шуд

Созмони швейтсариягии IQAir, ки сифатнокии ҳаворо дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад, дар гузориши тозааш Тоҷикистонро шомили кишварҳои олудатарини дунё кардааст.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошту шиканҷа

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳоле" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.