28.9 C
Dushanbe

Банкоматҳои бепул дар Душанбе сокинонро овараву сарсон кардааст (Видео)

Банкоматҳои Бонки Эсхата се рӯз боз маблағ надоранд. Сокинон, хусусан донишҷӯён аз он изҳори норозигӣ доранд, ки се рӯз мешавад наметавонанд маблағе дарёфт кунанд. Ба қавли сокинон, тамоми нуқтаҳои ин бонкро дар шаҳр гаштаанд, вале яке аз онҳо ҳам фаъол нест.

Корбарон аз шаҳри Душанбе аз бонкоматҳои назди бонки марказии Эсхата, ки дар Хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе ҷойгир аст ва 24 соат кор мекунад, бо ирсоли наворе ба “Аздо тв” шикоят карданд, ки аз рӯзи ваъдаашон як рӯз гузаштааст, ҳатто дар бонкоматҳои марказии ин бонк маблағ нест. Ва онҳо намедонанд аз куҷо маблағҳояшонро бигиранд.

Дар рӯи банкоматҳои Бонки Эсхата эълон навишта шуда, ки “Бинобар сабаби гузариш ба протсесинги нав бонкоматҳо аз санаи 29.03.2021 соати 12:00 муваққатан кор намекунанд”.

Агарчи дар эълон гуфта мешавад, ки аз 31 март хидматрасонӣ марҳила ба марҳила барқарор мешаванд, вале корбарон рӯзи 1 апрел гуфтанд, тамоми шаҳрро гаштанд, дар ҳеч яке аз бонкоматҳои ин бонк малғае вуҷуд надорад.

Видео аз корбарон

Назари масъулини Бонки Эсхата дар ин маврид то ҳол дастрас нест.

Бори аввал нест, ки банкоматҳои кишвар бемаблағ мемонанд ва сокинон сарсону овора мешаванд. Моҳи декабри соли гузашта низ бонкоматҳои Амонатбонк дар тамоми вилояти Хатлон чанд рӯз маблағи нақд надоштанд, ки ин нигаронии аҳолӣ, ба хусус бознишастагонро ба бор оварда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.