Субҳи рӯзи душанбе, 26-уми май артиши Исроил ба як мактаб дар шимоли Ғазза ҳамлаҳои шадидеро анҷом дод, ки то ҳол беш аз 55 нафар кушта шуда, даҳҳо каси дигар захмӣ шудаанд.
Тавре Хадамоти оташнишонӣ ва наҷоти шаҳрвандони Фаластин хабар медиҳад, ин ҳамлаҳои ҳавоӣ субҳи душанбе ба як мактабе дар шаҳраки Ҷабалиё анҷом дода шуд, ки дар он мардуми зиёд, аз ҷумла занону кӯдакон паноҳ оварда буданд.
Шабакаи “Ал-Ҷазира” аз қавли сухангӯи ин ниҳод Маҳмуд Бассал гузориш дод, ки “ҳаддиақал 36 нафар дар ҳамлаи субҳи имрӯз ба мактаби “Фаҳмӣ Ал-Ҷарҷовӣ” дар маҳаллаи “Дараҷ”-и Ғазза кушта шуданд, ки 6 нафарашон кӯдакони ноболиғ буданд.”
Расонаҳо дар такя ба масъулони тиббӣ ва наҷотдиҳӣ гузориш медиҳанд, ки “мактабе, ки Исроил онро бомборон кард, паноҳгоҳи садҳо овора буд ва бештари кушташудаҳо кӯдакону занон буданд.”
Артиши Исроил субҳи рӯзи душанбе иддао кард, ки мақсади ин ҳамла маркази кантроли “терористҳои калидӣ”-и Ҷиҳоди исломии Фаластинӣ буд. Исроил мегӯяд, “чандин қадам бардошта шуд то хисоратҳои инсонӣ ба ҳадди ақал расад.”
Ин иддаои Исроил барои ҳифзи ҷони бегуноҳон дар ҳолест, дар гузориши шабакаи “Ал-Ҷазира” тасвирҳое дида мешавад, ки тамоми синфхонаҳо оташ гирифтаанд ва паноҳандагони хобидаро дар ҳоли доду фиғон ва фиро ҳастанд. Ҳаминтавр кӯдаке саргардон дар миёнаи шуълаҳои оташ низ дида мешавад ва мардуми дар берунбуда ба шиддат дар талошанд то панҷараҳоро шикиста, онҳоро наҷот диҳанд.
Сухангӯи Хадамоти оташнишонии Ғазза Маҳмуд Бассал мегӯяд, дар ҳамлаҳои ҷудогона ба шаҳраки Ҷабалия дар шимоли Ғазза 19 нафар ва дар як ҳамлаи дигар ба як урдугоҳи чодарӣ 6 кас низ кушта шуданд.
Қонунҳои бйналмилалӣ ҳамла ба зерсохторҳои маданӣ бо шумули мактабҳо ва дармонгоҳҳоро манъ мекунад, аммо Исроил мудом чунин маконҳоро дар Ғазза бо иддаои ҳадафгирифтани “марокизи терористӣ” бомборон мекунад. Дар ҳоле, ки тибқи гузоришҳо, дар Ғазза маконе барои апноҳгоҳи мардуми осоишта вуҷуд надорад.
Ин ҳам дарҳолест, ки 19-уми майи соли ҷорӣ раҳбарони кишварҳои бонуфузи ғарбӣ бо як изҳороти муштарак дар баёнияе ба Исроил ҳушдор доданд, ки дар сурати идомаи амалиёти густурдаи низомӣ дар Навори Ғазза ва сабук накардани муҳосираи ин борика, бо таҳримҳои ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.
Бо вуҷуди бештар шудани фишорҳои байналмилалӣ болои Исроил, сарвазири ин кишвар Бинёмин Натанёҳу исрор дорад, ки кишвараш ҳамлаҳои шадиди низомияшро то пурра ишғол намудани Ғазза идома медиҳад.