24.9 C
Dushanbe

Дар Тоҷикобод бар асари заминларза даҳҳо хона осеб дидааст

Чаҳор деҳа дар ҷамоати Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод дар заминларзаи нисфирӯзии 4-уми июл осеб дидааст. Тибқи ахбори расида аз ин офати табиӣ наздики 60 манзили истиқоматӣ зарар дидаанд.

Радиои “Озодӣ” менависад, ки пажӯҳишгоҳҳои зилзилашиносии ҷаҳон хабар доданд, ки маркази заминларза 50 километр дуртар аз минтақаи Рашт буда, нерӯи он дар марказаш 5 ва дар шаҳри Душанбе 3 дараҷаи Рихтерро ташкил додааст.

Дар наворе, ки корбарони ин расона фиристоданд, лағжидани кӯҳпораҳо дида мешавад.

Мақомоти ноҳияи Рашт рӯзи 6-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ҳоло зарари расида аз заминларзаро ҳисоб доранд. Зарар бештар ба сокинони чор деҳаи ҷамоати Ширинчашмаи Тоҷикобод расидааст.

Мусо Мазоқов, раиси ҷамоати Ширинчашма дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки то ҳол 59 хонаеро ҳисоб кардаанд, ки аз заминларза зиён дидааст. Ба қавли ӯ, 10-12 хона бештар хароб шуда, вале дигар манзилҳои зист қисман деворҳояшон рах пайдо кардаанд.

“Касе зарари ҷисмонӣ надидааст. Фақат деворҳои хонаҳо кафидаанд. Ҳоло ҳисоб дорем, чӣ қадар зарар расидааст”, – гуфт Мусо Мазоқов, раиси ҷамоати Ширинчашма.

Сокинони ҷамоати Ширинчашма гуфтаан, шиддати заминларза ба ҳадде сахт буд, ки фикр карданд, ҳама ҷо чаппа мешавад. Ба гуфтаи сокинон зарари расида бештар аз маълумоти мақомот аст ва эҳтимол наздики 200 нафар аз заминларза осеб дида бошад. Бештари манзилҳои зист дар ҳолати садамавӣ қарор доранд ва зиндагӣ дар онҳо хатарнок аст.

Тоҷикобод, дар минтақаи Рашт, дар шарқи Тоҷикистон ҷойгир аст. 71 соли пеш дар ин минтақа пурқурбонитарин заминларза дар таърихи Тоҷикистон сабт шуда буд. 10-уми июли соли 1949 дар Ҳойит, ки феълан тобеи ноҳияи Рашт аст, заминларзаи сахт рух дод, ки ба ҳисобҳои гуногун беш аз 15 ҳазор сокин зери хок монда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Танишҳои дипломатӣ байни Русия ва Озарбойҷон

Дар пайи боздошти даҳҳо озарбойҷонӣ дар шаҳри Екатеринбург, байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон танишҳои шадиди дипломатӣ ба миён омадааст.

130 млн доллари Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Фонди Рушди Арабистони Саудӣ Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот кардааст.

Ихроҷи густардаи афғонҳо аз Эрон

Мақомоти эронӣ пас аз ҷанги 12-рӯза бо Исроил ихроҷи густардаи муҳоҷирони афғонистониро рӯи даст гирифтаанд.

Ҳушдор! Ба Белорус сафар накунед!

Он муҳоҷирони тоҷикистоние, ки аз Русия бо сабабҳое ихроҷ ва мамнуъулвуруд шудаанд, ба Белорус ҳам сафар карда наметавонанд.