Баргузории аввалин нишасти вакилони нави парлумони Тоҷикистон

Рӯзи 19-уми марти соли ҷорӣ аввалин нишасти вакилони нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни нишасти аввали намояндагони нави парлумони кишвар раис ва муовинони раиси Маҷлиси намояндагон интихоб гардиданд.

Ҳаминтариқ Раиси нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Файзалӣ вакил аз ҳавзаи интихоботии Рашт №12 интихоб карда шуд.

Тавре расонаҳои ҳукуматӣ хабар медиҳанд, раванди интихоби раис “тариқи раъйдиҳии пинҳонӣ бо овоздиҳии ҳаммаи вакилон таҳти назорати Комиссияи муваққатии баҳисобгирии овозҳо оид ба интихоби роҳбарони сохторҳои Маҷлис анҷом шуд.”

Пас аз ин, ба ҳайси муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагон, Шермуҳаммад Шоҳиён вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ интихоб шуда ва муовинони раиси Маҷлис Мавсума Муинӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд рақами 13 ва Гиёзода Азиз, вакил аз ҳавзаи интихоботии № 41 аз Хоруғ интихоб гардиданд.

Ба назари таҳлилгарон, интихоб шудани раиси Маҷлиси намояндагон аз минтақаи Рашт шояд табиӣ ба назар расад, аммо раванди интихоб шудани раҳбарони маҷлисро систематик ва аз пеш маълумшуда унвон мекунанд.

Ба гуфтаи онҳо, ин як қонуни нонавишта аст, ки раиси Маҷлиси намояндагон ҳамеша аз ноҳияи Рашт ва муовинони ӯ аз Хоруғ, Хатлон ва Хуҷанд интихоб мешаванд. Ба ин тарз интихоб шудани раису муовинони парлумон мустақил ва соҳибраъй будани вакилонро зери суол мебарад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 2-уми марти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт ва ин аввалин интихоботи парлумоние буд, ки Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ҳеҷ курсие дар парлумон ба даст наовард.

Дар интихоботи парлумонии кишвар аз рӯйхати ҳизбӣ, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 51,9%-и овозҳоро ба даст оварда, дар парлумон 12 курсиро соҳиб гашт ва ҳамин тариқ пирӯзи мутлақ ҳизби ҳоким дониста шуд.

Аммо дигар ҳизбҳо, аз ҷумла Ҳизби аграрии Тоҷикистон бо ба даст овардани 21 дарсади овозҳо 5 курсӣ, Ҳизби демократии Тоҷикистон бо 5,1 дарсади овозҳо 1 курсӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бо 12,7 дарсади овозҳо 3 курсӣ, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон бо 5,3 дарсади овозҳо 1 курсиро ба даст оварданд. Аммо Ҳизби коммунистии Тоҷикистон бо 1,9 дарсади овозҳо ҳеҷ курсие ба даст наовард.

Ба гуфтаи мунтақидон, ин аввалин интихоботе буд, ки бидуни назорати нозирони байналмилалӣ гузашт ва пештар аз баргузории маъракаи интихобот намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо хабар дода буданд, ки мақомоти Тоҷикистон бо баҳонаи надодани аккредитатсия нагузоштанд раванди интихоботро назорат кунанд.

Ба гуфтаи онҳо, тақаллуб дар интихоботҳои президентӣ ва парлумонии Тоҷикистон кори роиҷ аст. Ҳатто замоне ки ҳизбҳои мухолифи фаъол, монанди ҲНИТ ва ҲСДТ дар саҳнаи сиёсии кишвар ҳузур доштанд ва нозирони созмонҳои байналмилалӣ, монанди САҲА дар дохили кишвар раванди интихоботро назорат мекарданд, боз ҳам садҳо ҳолати тақаллуб фош мешуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Душанбе зане бо гумони қатли як мард боздошт шуд

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зан бо гумони даст доштан дар қатли як марди 61-сола дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар пасманзари гуфтугӯҳои Трамп бо Путин ва Зеленский, ҳамлаҳо ба Украина идома доранд

Бар асари ҳамлаҳои густурдаи Русия ба Украина шаби 15-уми июн дастикам 9 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.

Ҷасади собиқ афсари ВКД-и Тоҷикистон, ки дар Украина меҷангид, дар Восеъ дафн шуд

Ҷасади Маҳмадҷон Бозоров, сарҳанги собиқи ВКД, ки дар ҷанги Русия алайҳи Украина кушта шудааст, рӯзи 15-уми июн дар ноҳияи Восеъ ба хок супурда шуд.

Трамп оташбас байни Амрико ва Эронро эълон кард

Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп шаби гузашта эълон кард, ки Вашингтон ва Теҳрон ба "созишномаи сулҳ" даст ёфтаанд.