Такер Карлсон, рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ, ҳушдор додааст, ки эҳтимол дорад Амрико рӯзҳои наздик ба Эрон ҳамлаи ҳастаӣ анҷом диҳад.
Ин рӯзноманигор мегӯяд, дар бораи ин ҳамла Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ба Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико фишор овардааст ва эҳтимол Трамп то 7-уми ноябр дар ин бора тасмим бигирад.
Аммо ин иддао то ҳол аз ҷониби мақомоти расмии Амрико ё манбаъҳои мустақил тасдиқ нашудааст.
Такер Карлсон ин иддаоро дар навиштаи тӯлоние, ки рӯзи 2-юми ноябр дар саҳифаи шахсиаш дар шабакаи X нашр кард, матраҳ кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи эҳтимолии ҳамла кӯҳи Куланг ё маъруф ба (Pickax Mountain) дар маркази Эрон хоҳад буд. Мақомоти иттилоотии Исроил иддао доранд, Теҳрон дар он ҷо ғанисозии уранро аз сар гирифтааст.
Ин рӯзноманигори амрикоӣ навиштааст, ки таъсисоти эҳтимолии ҳастаӣ дар зери тақрибан 90-метрии санги сахт ҷойгир буда, силоҳҳои маъмулии Амрико қодир ба нобуд кардани нақбҳои зеризаминии он нестанд. Ба назари ӯ, аз ин рӯ, ягона роҳи низомӣ барои нобуд кардани чунин таъсисот истифодаи силоҳи ҳастаӣ хоҳад буд.
Карлсон бо истинод ба як манбаи огоҳ, ки номашро ошкор накардааст, менависад: “Бибӣ (лақаби Натанёҳу) ҳар рӯз дар ин бора ба Трамп занг мезанад”.
Ба гуфтаи ӯ, Натанёҳу дар вазъияти душвори сиёсӣ қарор гирифта, барои ҳифзи мақоми нахуствазирӣ ба пуштибонии Трамп ниёз дорад. Карлсон иддао мекунад, ки Натанёҳу барои ба даст овардани аксарияти 61 курсӣ дар порлумони Исроил ба дахолати сиёсии Трамп умед бастааст ва дар ғайри ин сурат мумкин аст қудратро аз даст диҳад.
Ӯ ҳамчунин иддао кардааст, ки Натанёҳу ба Пит Ҳегсет, вазири дифои Амрико, Брэд Купер, фармондеҳи Фармондеҳии марказии артиши Амрико ва чанд мақоми дигари баландпоя барои азсаргирии амалиёти густурдаи низомӣ алайҳи Эрон фишор меорад.
Карлсон дар идомаи навиштааш аз паёмадҳои эҳтимолии чунин ҳамла ҳушдор дода, гуфтааст, ки таркиши ҳастаӣ дар кӯҳи Куланг метавонад боиси олудашавии радиоактивии Халиҷи Форс ва заҳролуд шудани манбаъҳои оби ошомидании то 100 миллион нафар шавад.
Ба бовари ӯ, истифодаи силоҳи ҳастаӣ алайҳи Эрон метавонад барои кишварҳои дигари дорои чунин силоҳ низ собиқаи хатарнок эҷод кунад. Карлсон иддао дорад, ки Русия ба ҳадди ақал ду кишвари дигар гуфтааст, агар Амрико алайҳи Эрон силоҳи ҳастаӣ истифода кунад, Маскав низ метавонад истифодаи чунин силоҳро алайҳи Украина барои худ муҷоз бидонад.
Ин рӯзноманигори амрикоӣ ҳушдор додааст, ки чунин иқдом метавонад ҷаҳонро ба сӯи ҷанги сеюми ҷаҳонӣ барад.
Бо вуҷуди ин, Карлсон мегӯяд, Трамп ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нагирифтааст ва ба дидгоҳҳои Ҷей Ди Вэнс, муовини президент ва Стив Уиткофф, фиристодаи вижаи худ, гӯш медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, ҳар ду тарафдори ҳалли масъалаи Эрон аз роҳи музокирот ҳастанд.
“Ҳоло вақти он расидааст, ки мардум садои худро баланд кунанд“, навиштааст Карлсон ва ҳушдор додааст, ки паёмадҳои ҷанги ҳастаӣ танҳо ба Эрон маҳдуд нахоҳанд шуд.
Изҳороти Карлсон дар ҳолест, ки расонаи амрикоии Axios низ аз ихтилофи назар миёни Трамп ва Натанёҳу дар масъалаи Эрон хабар додааст. Тибқи ин гузориш, Натанёҳу хоҳони азсаргирии ҳамлаҳои низомӣ пас аз интихоботи миёндавраии Амрико аст, аммо Трамп ҳанӯз ба идомаи музокирот авлавият медиҳад.
