Барканории ғайричашмдошт

Қобилҷон Гиёев, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳия Раштро аз вазифааш сабукдуш намуданд.

Номбурда чандест, ки бо шеваи табобати дигаргунааш аз коронавирус, яъне бо доруҳои илтиҳоби шуши бузҳо табобат карданаш, дар шабакаҳои иҷтимои матраҳ буд.Қобилҷон Гиёев дар таъйиди ин хабар ба хабаргузории “Sputnik” гуфтааст, ин барканорӣ дар пайи як мактуби шикоятии Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сурат гирифтааст.

Бояд гуфт, ки Қобилҷон Гиёев табиб ҷавонест, ки баъд аз пайдоиши бемории каронавирус ва табобати ғайри оддияш дар ноҳияи Рашт шинохта шуд. Ӯ борҳо таъкид медошт, ки бо доруи “зидди пневмонияи бузҳо” садҳо беморро табобат кардааст. Номбурда чанде пеш дар як суҳбати ихтисосӣ ба хабаргузории “Sputnik” гуфта буд, ки беш аз 1000 нафарро дар кишвар аз бемори ковид 19 табобат кардааст. 

Баъдтар ӯро ба Душанбе барои муъолиҷаи мансабдорони боло даъват намуда ва аз таҷрибааш дар пойтахт ва дигар навоҳии Ҷумҳурӣ кор гирифтанд. Аммо ғайричашмдошт ӯ рӯзи 1-уми июн аз мансаби сардухтурии Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт барканор шуд. Вале Вазорати тандурустӣ ва дигар мақомот то ҳол далоили барканории ӯро шарҳ надодаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.