Илҳомҷон Атоев, муовини қудои раисҷумҳур, раиси Хадамоти алоқаи кишвар Бег Сабур аз вазифааш барканор шуд.
Дар қарори ҳукумат аз 9-уми феврал сабаби барканории Атоев “гузаштан ба кори дигар” гуфта мешавад, аммо вазифаи нави ӯ маълум нест. Инчунин то ҳол исми муовини нави Бег Сабур дар Хадамоти алоқа эълон нашудааст.
Гуфта мешавад, Илҳомҷон Атоев чанд сол боз муовини Бег Сабур буд ва дар нишастҳои матбуотӣ ба ҷойи раиси Хадамоти алоқа ӯ иштирок мекарду ба суолҳои рӯзноманигорон посух медод. Посухҳои ӯ ба суоли рӯзноманигорон баҳсбарангез ва хандахариш дар миёни мардум шуда буд. Аз ҷумла, Атоев сабабҳои суст будани суръати интернетро ба бунёди босуръати биноҳои баландошёна ва фаъол будани “bluetooth” дар телефонҳои мобилӣ гуфта буд.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мепурсанд, ки оё баъд аз муовинаш Бег Сабур низ аз вазифа барканор мешавад. Чун корбарон бар ин боваранд, ки маҳз баъд аз идораи Хадамоти алоқаро ба даст гирифтани Бег Сабур ва тимаш ин соҳа дар кишвар аз рушд бозмонд. Ва тарзи идораи онҳо боис гаштааст, ки Тоҷикистон дар радабандиҳои ҷаҳонӣ дар робита ба сифати интернет ва нархи он дар байни кишварҳои дунё дар поёнтарин зинаҳо қарор бигирад.
Инчунин имрӯз дар дигар ниҳодҳои ҳукумат низ ҷойивазкунӣ сурат гирифт. Аз ҷумла, Иброҳимзода Дилшод Эмом бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионӣ” озод ва ба ҷойи ӯ Шарифзода Мумин Машокир, ки ректори Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон буд, таъйин шудааст.
Ҳамзамон Муҳаммадзода Парвиз Абдураҳмон аз вазифаи муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Ҷалолиддин Пириев аз мақоми муовини якуми раиси Кумитаи дин “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” барканор шудаанд.
То ҳол вазифаҳои нави ин афрод ва ба ҷойи онҳо кӣ оварда омадааст маълум нест.
Дафтари матбуоти президент ҳамчунин аз иваз шудани сардорони чанд раёсати КДАМ бидун ному насаби онҳо хабар додааст.
Пештар аз ин низ дар дигар ниҳодҳо, шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои қудратии кишвар ҷойивазкуниҳо сурат гирифта буд.
Тибқи маъмул дар Тоҷикистон ҳар сол моҳи январ тағйироти кадрӣ сурат мегирад, аммо аксари коршиносон ин тағйиротро шаклӣ медонанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, одатан Эмомалӣ Раҳмон дар тақсимоти мансабҳо ихтисосу донишу маҳоратро меъёр қарор намедиҳад, балки меъёр дар интихоби кадрҳо бештар шинос будану наздик будан ба хонавода аст.
Коршиносон тағйироти кадрӣ дар вазорату кумитаҳои Тоҷикистонро танҳо ҷойивазкунӣ меноманд, чун аксар мақомдорон аз як вазифа барканор шуда, бидуни дар назар гирифтани дастовардҳои шахсӣ ва донишу маҳорат ба вазифаи дигар таъйин мегарданд.