Имрӯз, 19-уми январ ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардории Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе баргузор шуд.
Гуфта мешавад, дар ҷалсаи мазкур “вазъи таъмини амнияту субот, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар вилояти Хатлон баррасӣ гардид.”
Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақомтро дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва қочоқи он, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсиониро қонеъкунанда надониста, барои боз ҳам пуршиддат кардани он фармон додааст.
Ба гуфтаи бархе коршиносон, агар ҳукумати Эмомлаӣ мехост, метавонист ҷиноятҳои коррупсиноӣ ва фасодро дар доираҳои баланд решакан кунад, вале онҳо бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ фасодкории ҳукуматдоронро фаромӯш карда, озодандешону рафшанфикрони ҷомеаро барои интиқодҳояшон аз ҳукумат зиндонӣ мекунанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи 17-уми январ парлумони Иттиҳоди Аврупо Тоҷикистонро шадидан интиқод карда, гуфта буд, ки мақомоти тоҷик бо баҳонаи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ озодандешон ва рӯзноманигоронро зиндонӣ мекунанд ва пеши роҳи озодии матбуотро мегиранд.
Аммо, дар ҷаласаи Шӯрои амният Эмомалӣ Раҳмон иқрор карда, ки дар байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар иловаи рушди фасод ва ришва, террористу экстремистон ҳам афзоиш ёфтааст ва ӯ вуҷуди чунин ҷинояткоронро дар байни мақомоти баланди кишвар ба “сатҳи пасти касбӣ, ноуҳдабароӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хидматӣ ва қабули шахсони тасодуфӣ” рабт додааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа чанде аз мақомҳои баланди Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷумла сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлонро ҳамрои муовинонаш, сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Кӯлоб, сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён, сардори Раёсати ВКД-и вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, сардорони баъзе раёсатҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилиро аз мансабҳояшон озод кардааст.
Инчунин бо фармони Эмомалӣ Додситони вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардорони баъзе аз раёсатҳои Додситонии кули кишвар ва додситонҳои чанд шаҳру ноҳияҳо аз вазифаашон озод карда шудаанд.
Ҳамзамон сардори гурӯҳи фаврии раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон, сардори гурӯҳи фаврии ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва сардорони чанд раёсатҳои дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ аз вазифаҳо ронда шуданд.
Дар ин ҷаласа низ сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардори шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва чанде дигар аз мақомҳояшон барканор шуданд.
Раҳмон ҳамзамон ба Вазорати корҳои дохилӣ супориш дода, ки 30 дарсади кормандони Бозрасии давлатии автомобилиро ихтисор кунад.
Сабаби аз кор рондани сардорони ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ дар вилояти Хатлон ва дигар навоҳии кишвар ба хотири вуҷуди “ҳолатҳои зиёди қонунвайронкунӣ ва риоя нагардидани талаботи қонун ва оинномаҳои ҳарбӣ” гуфта мешавад.
Якбора аз вазифа рондани масъулони калидии сохторҳои қудратӣ ва бахусус дар вилояти Хатлон суолҳоеро дар зеҳни коршиносон ба вуҷуд овардааст. Аз ҷумла, пурсида мешавад, дар замоне ки Тоҷикистон ҳамеша аз вуҷуди хатар бо ҳамсояи худ – Толибон ҳушдор медиҳад, якбора шумори зиёди масъулони калидии сохторҳои қудратиро аз вазифаҳояшон барканор кардан чӣ паёме дорад? Аммо, бархе таҳлилгарон бар ин назаранд, ки дар ин кор ду эҳтимол вуҷуд дорад: аввал ин ки дар ҳақиқат ин кормандони ниҳодҳои қудратӣ даст ба ҷиноятҳои бузурге задаанд, ки ҳаҷми онро худи Эмомалӣ медонад ва ҷуз рондани онҳо аз мақомҳояшон дигар чорае надорад ва ё ин ки дар муддати наздик Рустами Эмомалӣ ба сари қудрат мерасад ва ӯ аз ҳоло роҳро барои фарзандаш тоза дорад.