Барқи истеҳсолшуда дар Тоҷикистон куҷо мешавад?

Дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон аз интиқоли нерӯи барқ ​​ба кишварҳои ҳамсоя беш аз 5,1 миллион доллар фоида ба даст овард.

Аммо ҳаҷми содироти нерӯи барқ ​​нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,6% ё беш аз 1,8 миллион доллар коҳиш ёфтааст.

Дар ин давра дар кишвар беш аз 3,7 миллиард кВт/соат нерӯи барқ ​​истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 9,8 % зиёд мебошад. Аммо дар бештари манотиқи Тоҷикистон сокинон аз набуди барқ ва ҷорӣ шудани лимит шикоян намуда, суол медиҳанд, ки Тоҷикистон ин қадар барқро куҷо мекунад ва чаро ваъдаи Президент Раҳмон дар бораи “афсона” шудани лимити барқ иҷро намешавад?

Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҶСК “Барқи тоҷик” бо ширкатҳои Афғонистон ва Узбекистон дар мавриди интиқоли нерӯи барқ ​​ба ин кишварҳо барои соли 2022 қарордод бастааст.

Моҳи феврали соли ҷорӣ раиси ширкати “Барқи тоҷик” Мадумар Асозода ба хабарнигорон гуфта буд, ки Тоҷикистон имсол ба Афғонистон 1,5 миллиард кВт/соат нерӯи барқ ​​содир карданист.

Ба гуфтаи ӯ, дар созишномае, ки бо ширкати “Брешна”-и Афғонистон дар моҳи декабри соли гузашта дар Тошканд имзо шуда буд, нархи як кВт/соат нерӯи барқ ​​барои Афғонистон 4,67 сент муайян шудааст.

Ҳамчунин бар асоси созишномаи дуҷониба, дар соли ҷорӣ 1,4 миллиард кВт/соат нерӯи барқи Тоҷикистон бо қимати 2 сент барои ҳар киловатт ба Узбекистон содир мешавад.

Бино ба иттилои ширкати “Барқи тоҷик” соли гузашта ба Афғонистон ба маблағи 635,9 миллион сомонӣ (бо қурби расмии он замон 56,2 миллион доллар) як миллиарду 275,2 миллион кВт/соат нерӯи барқ ​​содир шудааст.

Ба Узбекистон 1 миллиарду 146,8 миллион кВт/соатро ба маблағи 258,8 миллион сомонӣ (бо қурби расмии он замон 22,9 миллион доллар) барқ содир шудааст.

Ширкати “Барқи тоҷик” яке аз ширкатҳои қарздортарин дар Тоҷикистон ба шумор рафта, қарзҳои кредитории ин ширкат дар соли 2021 наздики 32,3 млрд сомониро ташкил додааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.