35.9 C
Dushanbe

“Барқи тоҷик” аз “Сангтӯда-1” 1,99 млрд сомонӣ қарздор аст

Қарзи ширкати “Барқи тоҷик” дар назди НБО “Сангтуда -1” ба 1.99 млрд сомонӣ баробар шуд.

ҶСК “НБО Сангтӯда-1”, ки иқтидори муқарраршудааш 670 МВт аст, натоиҷи фаъолияти истеҳсолии нӯҳ моҳи соли равонро ҷамъбаст кард.

Интиқоли нерӯи барқи НБО-и Сангтӯда-1 дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ 1 миллиарду 705 миллион кВт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 52,04 миллион кВт/соат ё 3,1 фоиз зиёд мебошад.

Сатҳи миёнаи пардохт аз ҷониби ҶСК «Барқи тоҷик» аз аввали соли 2021 аз 37 фоизи арзиши нерӯи барқи додашуда зиёд нест, ки ин боиси афзоиши қарзи ширкат дар назди НБО Сангтуда-1 гашта истодааст.

Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ қарзи ширкати “Барқи ночик” боз 390 миллиону 840 ҳазор сомонӣ афзуда, то 30 сентябри соли 2021 ба 1 миллиарду 990 миллион сомонӣ муодили 177 миллион доллар баробар шудааст.

Дар нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” соли ҷорӣ 186 маротиба корҳои таъмирӣ анҷом шуда, ки иҷрои барномаи таъмирӣ ба истеҳсоли ҳаҷми зарурии барқ ​​аз ҷониби НБО таъсир намерасонад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки сокинони кишвар аз набуди барқ ва ҷорӣ шудани лимит шикоят доранд. Ба гуфтаи сокинон дар баъзе аз манотиқи кишвар аз соати 8-и субҳ то 17-18 ва ҳатто шабона аз соти 22:00 то 05:00 саҳар ҳам барқ надоранд.

Масъулини ширкати “Барқи тоҷик” батакрор мегӯянд, дар кишвар лимит ё маҳдудият ҷорӣ нашудааст ва сабаби қатъ шудани барқро таъмир дар хатҳои баландшиддат медонанд.

Нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда – 1” тарҳи муштараки Тоҷикистон ва Русия буда, дар соли 2009 ба истифода дода шудааст. Ин нерӯгоҳи барқӣ 11-и дарсади барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад.

Русия 75 дарсад ва Тоҷикистон 25 дарсади саҳмияҳои молии нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда 1”-ро дар ихтиёр доранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мишустин аз густариши ҳамкориҳои Русия бо Тоҷикистон гуфт

Михаил Мишустин, сарвазири Русия дар суҳбат бо ҳамтои тоҷикаш...

Трамп расман ба даст доштан дар ҷинояти нав муттаҳам шуд

Доналд Трамп, собиқ раисҷумҳури Амрико аз сӯи Вазорати додгустарии ин кишвар дар парвандаи нигаҳдории асноди маҳрамонаи давлатӣ пас аз поёни давраи президентияш муттаҳам мешавад.

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо Додситони кулли Туркия

Ашрафҷон Гулов, домоди Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Тоҷикистон дар Туркия, 8-уми июни соли ҷорӣ бо Додситони кулли Туркия Бекир Шоҳин мулоқот карда, ба густариши ҳамкориҳо таъкид кард.

Ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ бо ҳузури Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.