Барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба Сардор Бердимуҳаммадов

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як

Эмомалӣ Раҳмон дар ин паёми табрикотиаш қайд карда, ки “мо ба муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманди Тоҷикистон ва Туркманистон, ки бар усули шарикии стратегӣ асос ёфтаанд, аҳаммияти хосса медиҳем.”

Президенти Тоҷикистон дар охири ин барқияи табрикотиаш таъкид карда, ки “бо Шумо ҷиҳати пешбурди минбаъдаи муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар ба нафъи мардумонамон ва дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар ва эътимод таъкид намоям.”

Гуфтанист, дар корзори интихобти президентии Туркманистон, ки якшанбеи 13-уми марти соли ҷорӣ баргузор шуд, 9 нафар аз ҳизбҳои гуногун бо ҳам рақобат намуда, ба ҷуз Сардор Бердимуҳаммадов, писари президенти ин кишвар Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, боқӣ номзадҳо аз ҳама бештараш 11,09% ва аз ҳама камтар 1,08% овозҳоро ба даст оварданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.