37.9 C
Dushanbe

Дар Туркманистон писар ба ҷои падар президент шуд

Дар Туркманистон интиқоли қудрат аз падар ба писар сурат гирифт. Акнун Сардор Бердимуҳаммадов, писари Президент Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар ин кишвар ба курсии қудрат нишаст.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Туркманистон рӯзи сешанбе барандаи интихоботи президентии ин кишварро эълон кард. Тибқи эълони ин ниҳод, Сардор Бердимуҳаммадов номзад аз Ҳизби демократи Туркманистон бо ба даст овардани орои бештар барандаи мутлақи интихоботи ин кишвар эълон шуд.

Бино ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Туркманистон, дар рақобатҳои интихоботии ин кишвар муовини раиси Девони вазирони Туркманистон Сардар Бердимуҳамедов 72,97% овоз ба даст овардааст.

Тавре Комиссияи марказии интихоботии Турманистон хабар дод, дар интихоботи ин кишвар беш аз 97 дарсади раъйдиҳандагон иштирок намудаанд. “Аз 3 миллиону 460 ҳазору 80 нафар интихобкунандагони сабтиномшуда дар ин кишвар 3 миллиону 362 ҳазору 52 нафар овоз додаанд, ки ин шумора 97,17 дарсадро ташкил медиҳад.”, омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар корзори интихобти президентии Туркманистон, ки якшанбеи 13-уми марти соли ҷорӣ баргузор шуд, 9 нафар аз ҳизбҳои гуногун бо ҳам рақобат намуда, ба ҷуз Сардор Бердимуҳаммадов, писари президенти ин кишвар Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, боқӣ номзадҳо аз ҳама бештараш 11,09% ва аз ҳама камтар 1,08% овозҳоро ба даст оварданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Эрон: Аврупо таҳдиду фишорро канор гузорад

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои кишварҳои...

Тоҷикистон аз “Роғун” ба Узбакистон барқ мефурӯшад

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пеш аз анҷоми корҳои...

Русия муҳоҷиронро бе ваксина ба кор роҳ намедиҳад?

Мақомоти Рурия мехоҳанд, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани...

Интиқоли Гулмурод Ҳалимов ба минтақҳои наздимарзии Тоҷикистон

Бархе расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи...