31.9 C
Dushanbe

Барои интиқоли барқи Тоҷикистон ба Узбекистон хати интиқоли он таъмир мешавад

Акс: minenergy.uz

Ширкати электроэнергетикии Узбекистон ба таъмиру навсозии хати интиқоли барқ (ХИБ)-и “Гузар-Регар”, ки тариқи он кишвари ҳамсоя аз Тоҷикистон нерӯи барқ мегирад, оғоз кардааст. Дар ин бора хабаргузории “Asia-Plus” бо такя ба Вазорати энергетикаи Узбекистон хабар дод.

Вазорати энергетикаи Узбекистон хабар додааст, ки “Дар доираи лоиҳа қитъаи 63-километрии ХИБ 500 кВ  “Гузар-Регар” (Л-507) дар қаламрави Узбекистон таъмиру навсозӣ мешавад”.

Ба гуфтаи Вазорати энергетикаи Узбекистон, арзиши пешакии лоиҳа 25 млн доллар арзёбӣ шудааст. Гуфта мешавад, ин Лоиҳа дар ҳамдастӣ бо ширкати “Shanghai Electric Power Transmission & Distribution”-и Чин, ғолиби тендери байнулмилалӣ амалӣ мегардад.

Акс: shanghai-electric.com

Ҳамчунин ин лоиҳа бар асоси протоколи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ татбиқ мегардад.

Ба навиштаи Вазорати эгергетикаи Узбекистон “Лоиҳа ба таъмини эътимоднокии интиқоли барқ ҳангоми кори якҷояи низомҳои энергетикии Узбекистону Тоҷикистон равона шудааст”.

Моҳи марти соли 2018, Тоҷикистону Узбакистон созишнома дар бораи барқарор кардани ҳамкориҳои энергетикии ду кишварро ба имзо расониданд.

Моҳи июли соли равон “Шабакаҳои миллии барқи Узбакистон” эълом доштанд, ки Тоҷикистон ба сабаби камбуди об дар обанбори ин кишвар содироти нерӯи барқ ​​ба Узбакистонро коҳиш додааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Анҷумани иқтисоди рақамии СҲШ дар шаҳри Тянҷзини Чин

Дар чаҳорчӯби Анҷумани иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Тянҷзини Чин ҷаласаи пӯшидаи вазирони иқтисодии кишварҳои узви ин созмон баргузор гардид.

Боздошти як омӯзгори забони англисӣ дар Душанбе бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқӣ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки як марди 50-сола бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқи ба як гурӯҳ духтарони ҷавон боздошт шудааст.

Чаро мақомот дар бораи хабари ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ хомӯшанд?

Масъулини муҳоҷирони афғонистонӣ дар Душанбе хабари ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистонро рад карданд.

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.