30.9 C
Dushanbe

БАРОИ ҲАМСУҲБАТ ШУДАН БО БУЗУРГМЕҲР ЁРОВ МАҲБУСОН ТАҲДИД БА ҶАЗО ШУДАНД

Як ҳафта мешавад, ки маъмурияти зиндони рақами 1-и шаҳри Душанбе маҳбусонро барои ҳамсуҳбат шудан бо Бузургмеҳр Ёров, вакили дифоъ ва зиндонии сиёсии тоҷик таҳдид ба ШИЗО мекунанд. Дар ин бора Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров, дар саҳифаи фейсбукаш хабар дод.

Ба навиштаи Ҷамшед ҷазо ба таври қатъӣ аз тарафи маъмурияти зиндон таъйиин шудааст, ки ин маҳбусонро нигарон кардааст. Ин дар ҳолест, ки кормандони зиндон ба ҳар як маҳбус ба таври шифоҳӣ паём медоданд, ки бо Бузургмеҳр Ёров робита надошта бошанд ва ҳамсуҳбат нашаванд. Ҳар касе дар ҳолати муносибат бо Ёров ба даст афтад ҷазояш дар ШИЗО мегузарад.

Ҷамшед Ёров менависад, ки мақомот ҳамин тариқ маъракаи навро дар зиндони рақами 1-и шаҳри Душанбе оғоз кардааст ва мехоҳанд ба Бузургмеҳр Ёров фишори равонӣ биёранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Танишҳои дипломатӣ байни Русия ва Озарбойҷон

Дар пайи боздошти даҳҳо озарбойҷонӣ дар шаҳри Екатеринбург, байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон танишҳои шадиди дипломатӣ ба миён омадааст.

130 млн доллари Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Фонди Рушди Арабистони Саудӣ Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот кардааст.

Ихроҷи густардаи афғонҳо аз Эрон

Мақомоти эронӣ пас аз ҷанги 12-рӯза бо Исроил ихроҷи густардаи муҳоҷирони афғонистониро рӯи даст гирифтаанд.

Ҳушдор! Ба Белорус сафар накунед!

Он муҳоҷирони тоҷикистоние, ки аз Русия бо сабабҳое ихроҷ ва мамнуъулвуруд шудаанд, ба Белорус ҳам сафар карда наметавонанд.