9.9 C
Dushanbe

Барои муҳоҷирон дар Русия боз як имтиҳони дигар изофа шуд 

Муҳоҷирони корӣ дар Русия пеш аз гирифтани иҷозати корӣ (патент) бояд барои маълум кардани сатҳи донистани забони русӣ имтиҳони шифоҳӣ супоранд.

Дар ин бора имрӯз, 18-уми сентябр Вазорати маориф ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия зимни посух ба талаби вакили Думаи давлатӣ Сардана Авксентева аз ҳизби “Одамони нав” (Новые люди) хабар додааст.

Чанде пеш ин вакили рус аз Вазорати маорифи кишвараш талаб карда буд, ки русидонии муҳоҷирон аз тариқи имтиҳони шифоҳӣ санҷида шавад.  

Вазорати маориф ва илми Русия пешниҳодҳои шуморо дар бораи такмил намудани имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирони корӣ ба тарзи шифоҳӣ дастгирӣ мекунад. Барои татбиқи ин пешниҳодҳо зарур аст, ки ба низомномаи баргузории имтиҳон тағйирот ворид карда шавад“, омадааст дар посухи Вазорат.

Дар ҳамин ҳол муовини вазири маорифи Федератсияи Русия Константин Могилевский таъкид карда, ки ҷорӣ намудани имтиҳони шифоҳӣ барои дақиқтар санҷидани донистани забони русӣ барои кор кумак хоҳад кард. 

Ҳоло муҳоҷирон барои дарёфти иҷозати корӣ, имтиҳонро аз тариқи хаттӣ месупоранд. Дар ҳоли ҳозир имтиҳони шифоҳӣ танҳо ҳангоми гирифтани иҷозатномаи истиқомат шарт аст. Илова бар ин, Вазорати маорифи ин кишвар пешниҳод кардааст, ки 20% муҳтавои имтиҳонҳо нав карда шуда, нархҳои ягона барои имтиҳонҳо дар саросари кишвар муқаррар карда мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти афсари ВКД бо гумони куштани як ҷавон дар Ванҷ

Як афсари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сокини 34-солаи ноҳияи Ванҷ Саломатшо Ғалчаевро бо истифода аз туфангча куштааст.

Тоҷикистон ба мардуми Эрон кумакҳои башардӯстона фиристод

Ҳукумати Тоҷикистон барои мардуми зарардидаи Эрон аз ҷанг кумакҳои башардӯстона фиристод. Дар ин бора 18-уми марти соли ҷорӣ сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон хабар додааст.

Истеъфои як мақомдори баландпояи амрикоӣ дар эътироз ба ҷанг алайҳи Эрон

Директори Маркази миллии зиддитеррористии ИМА Ҷозеф Кент 17-уми марти соли ҷорӣ ба сабаби ворид шудани Амрико ба ҷанг алайҳи Эрон аз вазифаи худ истеъфо дод.

Ихроҷи муҳоҷирон дар Русия бештар мешавад?

Ҳукумати Русия лоиҳаи қонуни наверо омода кардааст, ки сиёсати муҳоҷиратиро дар ин кишвар ба таври ҷиддӣ сахттар мекунад.