Барои муҳоҷирон дар Русия боз як имтиҳони дигар изофа шуд 

Муҳоҷирони корӣ дар Русия пеш аз гирифтани иҷозати корӣ (патент) бояд барои маълум кардани сатҳи донистани забони русӣ имтиҳони шифоҳӣ супоранд.

Дар ин бора имрӯз, 18-уми сентябр Вазорати маориф ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия зимни посух ба талаби вакили Думаи давлатӣ Сардана Авксентева аз ҳизби “Одамони нав” (Новые люди) хабар додааст.

Чанде пеш ин вакили рус аз Вазорати маорифи кишвараш талаб карда буд, ки русидонии муҳоҷирон аз тариқи имтиҳони шифоҳӣ санҷида шавад.  

“Вазорати маориф ва илми Русия пешниҳодҳои шуморо дар бораи такмил намудани имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирони корӣ ба тарзи шифоҳӣ дастгирӣ мекунад. Барои татбиқи ин пешниҳодҳо зарур аст, ки ба низомномаи баргузории имтиҳон тағйирот ворид карда шавад“, омадааст дар посухи Вазорат.

Дар ҳамин ҳол муовини вазири маорифи Федератсияи Русия Константин Могилевский таъкид карда, ки ҷорӣ намудани имтиҳони шифоҳӣ барои дақиқтар санҷидани донистани забони русӣ барои кор кумак хоҳад кард. 

Ҳоло муҳоҷирон барои дарёфти иҷозати корӣ, имтиҳонро аз тариқи хаттӣ месупоранд. Дар ҳоли ҳозир имтиҳони шифоҳӣ танҳо ҳангоми гирифтани иҷозатномаи истиқомат шарт аст. Илова бар ин, Вазорати маорифи ин кишвар пешниҳод кардааст, ки 20% муҳтавои имтиҳонҳо нав карда шуда, нархҳои ягона барои имтиҳонҳо дар саросари кишвар муқаррар карда мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ВКД фолбинҳо, фоҳишаҳо ва мизоҷони онҳоро низ ба қайд мегирад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки фолбинҳо, мизоҷон ва наздикони онҳоро ба махзани махсус ворид карда, зери назорати доимӣ қарор медиҳад.

Ду нафар дар Душанбе бо гумони истеҳсол ва паҳн кардани доруҳои қалбакӣ боздошт шуданд

Мақомоти Тоҷикистон аз боздошти ду нафар бо гумони истеҳсол ва ба муомилот баровардани доруҳои қалбакӣ дар Душанбе хабар доданд.

Ҳафт кӯдаки бепарастори тоҷикро аз Русия ва Ватан баргардонданд

Ҳафт кӯдаки тоҷик, ки дар Русия бепарастор монда буданд, 18-уми октябри соли 2026 ба Тоҷикистон баргардонда шуданд.

Роҳи Душанбе–Шарора–Ҳисор таъмир шуд, аммо аз ҳисоби кӣ?

Мақомоти Ҳисор аз анҷоми мумфаршкунии роҳи Душанбе–Шарора–Ҳисор хабар доданд. Дар таъмири ин роҳи ҷумҳуриявӣ соҳибкорон ва сокинон низ саҳм гузоштаанд, аммо чӣ қадар маблағ ҷамъоварӣ шуд, маълум нест.