28.9 C
Dushanbe

Барои пешгирӣ аз ифротгароӣ Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон кумак мерасонад

Бонки ҷаҳонӣ дар як гузориши худ, ки рӯзи 14 декабри соли равон нашр гардид, эълон кардааст, ки ба Тоҷикистон барои пешгирӣ аз ифротгароӣ кумак мерасонад.

Гуфта мешавад, ки дар давраи авҷи пандемия, ки марзҳо баста буданд ва бисёри ҷавонон бекор монда машғулияте надоштаанд, ба эҳтимоли зиёд сафи ифторгароён аз ҳисоби ин қишри бекор афзоиш меёбад.

Муаллифон ин гузориш навиштаанд, ки яке аз омилҳои рӯҳафтодагӣ бекорӣ буда, ҳамчунин он боис мегардад, ки шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва хушунату табъизи ҷинсӣ дар миёни гурӯҳҳои ба қавли муалифони ин гузориш “осебпасир” зиёд гардад.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки Бонки ҷаҳонӣ барномаҳоеро дар вилояти Хатлон ва Бадахшон, ки бо Афғонистон ҳамсарҳаданд, баҳри коҳиши хушунат раҳандозӣ менамояд.

Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон се роҳро пешниҳод намудааст:

Барномаи пешгирии ибтидоӣ барои мардону занони ҷавоне тарҳрезӣ шудааст, ки ҳанӯз ифротгаро нашудаанд, вале ба мағзшӯӣ шудан осебпазир мебошанд. Ин барнома аз маҷмӯи тарҳҳои вижаи омӯзишӣ, ёриҳои равониву иҷтимоӣ, фароҳамсозии имкониятҳо барои фаъолияти кориву тиҷоратӣ иборат аст;

Барномаи марҳилаи дуюм барои ҷавононе тарҳрезӣ шудааст, ки аллакай ифротгаро шудаанд. Ин барнома ба тағйири дубораи зеҳн ва мафкураи онҳо тамаркуз мекунад, то ба онҳо кумак кунад, ба оянда ва имконоти мусбате, ки метавонанд дар зиндагӣ дошта бошанд, эътимод пайдо кунанд. Дар ин барнома ёрии ҷомеа, мактаб ва ниҳодҳои маҳаллӣ муҳим аст;

Барномаи пешгирӣ дар марҳилаи сеюм аз ҳамкорӣ ва эҷоди боварии бештар миёни мақомоти расмӣ, полис ва шахсони бонуфузи ҷомеа иборат аст ва ҳадафи он таҳкими имкониятҳои ҷомеа дар ростои хатарҳои эҳтимолии хушунат дар оянда аст.

Кумак ё пешниҳодҳои бонки ҷаҳонӣ дар ҳолест, ки ҳамасола чадҳо ҷавонро бо ҷурми ифротагроӣ дар кишвар равонаи зиндон мекунанд.

Ба гуфтаи мақомоти тоҷик сафи ифротиҳо сол аз сол зиёд мегардад, ҳамчунин зиёд гардидани сафи ифротгароиро ба муҳоҷират рабт медиҳанд, ки ҷавонон дар муҳоҷират ба чанги мубаллиғони ифротӣ меафтанду мағзшӯйи мешаванд.

Коршиносони умур яке аз сабабҳои ба ифротгарои руй овардани ҷавононро надонистани қавонини дин ва бе хабар будан аз асли дин унвон мекунанд, ки дар Тоҷикистон ҷавонон наметавонанд, ки аз асли дин огоҳӣ пайдо намоянд, баъд аз он ки аз кишвар берун мешавад, аз беогоҳӣ ба доми ифротгароён меафтанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.