17.9 C
Dushanbe

Барои шиканҷаи Далери 5-сола падархондашро зиндонӣ карданд

Додгоҳи ҳарбии шаҳри Екатеринбурги Русия Александр Наумовро барои шиканҷаи Далер Бобиеви 5-сола ба панҷ соли зиндон маҳкум кард.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, Наумов дар додгоҳ иттиҳоми эълоншударо эътироф накарда, иддао кардааст, ки то моҳи июни 2023 дар ҷанги зидди Украина қарор дошт. Аммо ба гуфтаи шоҳидон, ӯ зимистони соли гузашта ба таътил омада буд ва аз нопадид шудани кӯдак низ хабар доштааст.

Инчунин гуфта мешавад, ки ӯ ин кӯдаки панҷсолаи тоҷикро борҳо бо “скотч” ба курсӣ баста, муддатҳо ғизо надодааст ва шиканҷаи бераҳмона боиси чанд маротиба фирор кардани кӯдак аз хона гаштааст.

Дар баробари панҷ соли зиндон додрас Наумовро аз рутбаи ҳарбӣ маҳрум карда, додани ҷубронпулӣ дар ҳаҷмӣ 5 миллион долларро ба падари биологии Далер рад кардааст.

Жанна Калегина, вакили дифои Александр Наумов гуфтааст, ки онҳо бо қарори додгоҳ розӣ нестанд ва аз он шикоят хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки расонаҳо дар моҳи июни соли 2023 аз нопадид шудани Далер Бобиев, муҳоҷири панҷ солаи тоҷик хабар дода буданд. Садҳо сокини маҳаллӣ ба ҷустуҷӯи ин тифл баромада, ҷасади ӯро 29-уми июни соли 2023, ки дохили як халта гузошта шуда буд, аз наздикии хонаи Наумов пайдо карда буданд.

Дертар тафтишот маълум кард, ки кӯдак ҳанӯз дар моҳи декабри соли 2022 ба қатл расонида шудааст.

Барои ба қатл расонидани Далер Бобиев ҳамсари Александр Наумов, Вероника Наумова ва ҷияни 21-солаи ӯ Даниил Еголников гумонбар буда, мурофиаи онҳо идома дорад. Бояд гуфт, худи Вероника Наумова ба расонаҳо аз нопадид шудани ин тифли тоҷик хабар дода буд.

Гуфта мешавад, Хуҷановиддин Бобиев, падари Далер Бобиев дар Русия барои дуздӣ зиндонӣ шуда буд ва мақомот ин тифлро ба Наумовҳо барои парасторӣ дода буданд.

Ин бори аввал нест, ки дар Русия тифлакони тоҷик кушта мешаванд. Дар соли 2018 Ҳувайдо Тиллозода, духтари панҷсолаи тоҷик аз ҷониби Александр Сёмин, як шаҳрванди Русия таҷовуз ва ваҳшиёна кушта шуда буд. Александр Сёминро соли гузашта ба ҳукми абад маҳкум карданд.

Пештар аз ин, рӯзи 13-уми октябри соли 2015 Умаралӣ Назарови 5-моҳа фарзанди муҳоҷирони тоҷик Заррина Юнусова ва Рустам Назаров ҳангоми тафтиши кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират дар шаҳри Санкт-Петербург аз модараш гирифта шуда, баъди чанд соат аз ҷониби кормандони пулис ба бемористони кӯдаконаи ба номи Симбалин фиристода шуд ва нимашаби ҳамон рӯз дар ин бемористон фавтид. Дар марги ин тифл касеро гунаҳкор надонистанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошту латтукӯби сахти муҳоҷирон аз сӯи ОМОН-и Русия

Рӯзи 2-юми октябр дар шаҳри Новосибрски Русия нерӯҳои вежа ё ОМОН бо хушунат вориди анбори ширкати ''ОЗОН'' шуда, муҳоҷирони кориро боздошт ва латтукӯб карданд.

Лубнон: Як рӯз пеш аз террори Ҳ.Насруллоҳ ба оташбас мувофиқат шуда буд

Вазири корҳои хориҷии Лубнон ҷузъиёти тозаеро аз ҳодисаи террори Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" фош кард.

Боздошти як тоҷикистонӣ дар Афғонистон бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ

Мақомоти Толибони Афғонистон аз боздошти 3 узви ДИИШ хабар доданд, ки яке аз онҳо шаҳрвнади Тоҷикистон гуфта мешавад.

Боздошти як муҳоҷири 45-солаи тоҷик дар Варшава

Пулиси шаҳри Варшаваи Лаҳистон ду мардеро бо иттиҳоми тирандозӣ дар бозори "Олимпия" боздошт кардаанд.