32.9 C
Dushanbe

Бароқароркунони ҶИА-ро хоин номиданд

Кунгураи миллӣ ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз барқароркунандаҳои Ҷумҳурии исломии Афғонистон эълони безорӣ карданд.

Масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Алӣ Майсам Назарӣ, зимни сӯҳбат бо шабакаи телевизионии Afganistan International бароъати ҷабҳаро аз Ҷумуҳурии Исломии Афғонистон, ки тоза аз барқарории давлати пешин бо раҳбарии Амруллоҳ Солеҳ хабар дода буд, эълом кардааст.

Ба нақли сомонаи Паём, ин масъули равобити хориҷии ҷабҳа изҳор дошта, ки эъломияи нашршудаи гурӯҳе бо раҳбарии Амруллоҳ Солеҳ, ки худро ҳукумати қонунии Афғонистон номидаанд, баёнгари мавқеъи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон нест, ва ба гуфтаи ӯ, Ҷабҳаи муқовимат ба зудӣ эъломияи худро нашр ва мавқеъи ҷабҳаро расман эълон хоҳад кард.

Дар зимн Латифи Пидром, раҳабари Кунгураи миллии Афғонистон муаллифони ин эъломияи барқарории ҶИА-ро хоин номида, аз он эълони бароъат карда аст.

Ба гуфтаи Пидром, “ин эъломия марбут ба чанд унсури фосид ва хоини режими фашистии Ғанӣ буд, ки бешармона ҳанӯз ҳам иддаои машруъият доранд ва ҳеҷ гуноҳу ҷинояте арақи шарму нанг бар пешонии таслимиашон ҷорӣ намекунад.

Раҳбари Кунгураи миллии Афғонистон таъкид мекунад: “Ин гурӯҳи касиф ҳанӯз дар фикри онанд, ки режими шикастхӯрдаи Ғанӣ ва тими гуноҳкори ӯ ва бозмондагони гандидаашро дар олами хаёл ҳам ки шудааст, дар зеҳни мардум ҳуқна (клизма) кунанд”.

Гуфта мешавад, дирӯз, 28-уми сентябр ҷамъе аз шахсиятҳои саршинос дар ҳукумати қаблии президенти фирории Афғонистон Ашраф Ғанӣ бо судури эъломияе аз барқарории давлати пешин, Ҷумуҳурии Исломии Афғонистон хабар доданд.

Ин Эъломия, ки ҳоло нусхаҳояш ба форсӣ, англисӣ ва баргардони он бо хатти сирилик дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, аз 18 банд иборат буда, срапарасти ҷумҳурии исломӣ муовини аввали раёсатиҷумҳури Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ муаррифӣ шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Гурӯҳи 24” рафтори мақомоти рус ва беамалии мақомоти тоҷикро маҳкум кард

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо нашри изҳороте рейду боздошт ва латтукӯби муҳоҷиронро дар шаҳру ноҳияҳои Русия муносибати ғайриинсонӣ ва бераҳмонаи мақомоти давлатии ин кишвар номид.

Шикояти вакилони дифоъи Хуршед Фозилов

Вакилони дифои рӯзноманигори зиндонӣ Хуршед Фозилов аз болои ҳукми Додгоҳи Панҷакент ба Додгоҳи вилояти Суғд шикоят бурдаанд.  

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.