Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Бонки Осиёии руш

Сарони Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд пас аз баррасии равобит ва масоили муштарак дар бораи ҳамкориҳои ояндаи дуҷониб дар шаҳри Душанбе гуфтугӯ карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, 12-уми июни соли 2023 Президенти Бонки Осиёии рушд ҷаноби Масатсугу Асакава бо Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кард.

Гуфта мешавад, Масатсугу Асакава дар рафти нишаст аз имкониятҳои Тоҷикистон “дар истеҳсолу содироти энергияи тозаю барқароршаванда” ва рушди “иқтисоди сабз” ёдовар шуда, “ҷонибдории Бонки Осиёии рушдро роҷеъ ба дастгирии саҳми Тоҷикистон дар рӯзномаи глобалии тағйирёбии иқлим тасдиқ намудааст.”

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин “мулоқот вобаста ба масъалаи ҳамкории ҷонибҳо ҷиҳати идомаи татбиқи ислоҳот ва дигаргунсозии иқтисодӣ табодули андеша сурат гирифт. Инчунин рушди соҳаи энергетика ва масъалаҳои тағйирёбии иқлим аз ҷумлаи самтҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Бонки Осиёии рушд арзёбӣ гардиданд.“

Гуфта мешавад, аз ҷониби Бонки Осиёии рушд давоми 25 сол дар 180 лоиҳа дар соҳаҳои мухталифи Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 2,5 миллиард доллари америкоӣ маблағгузорӣ шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.