27.9 C
Dushanbe

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Бонки Осиёии руш

Сарони Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд пас аз баррасии равобит ва масоили муштарак дар бораи ҳамкориҳои ояндаи дуҷониб дар шаҳри Душанбе гуфтугӯ карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, 12-уми июни соли 2023 Президенти Бонки Осиёии рушд ҷаноби Масатсугу Асакава бо Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кард.

Гуфта мешавад, Масатсугу Асакава дар рафти нишаст аз имкониятҳои Тоҷикистон “дар истеҳсолу содироти энергияи тозаю барқароршаванда” ва рушди “иқтисоди сабз” ёдовар шуда, “ҷонибдории Бонки Осиёии рушдро роҷеъ ба дастгирии саҳми Тоҷикистон дар рӯзномаи глобалии тағйирёбии иқлим тасдиқ намудааст.”

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин “мулоқот вобаста ба масъалаи ҳамкории ҷонибҳо ҷиҳати идомаи татбиқи ислоҳот ва дигаргунсозии иқтисодӣ табодули андеша сурат гирифт. Инчунин рушди соҳаи энергетика ва масъалаҳои тағйирёбии иқлим аз ҷумлаи самтҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Бонки Осиёии рушд арзёбӣ гардиданд.

Гуфта мешавад, аз ҷониби Бонки Осиёии рушд давоми 25 сол дар 180 лоиҳа дар соҳаҳои мухталифи Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 2,5 миллиард доллари америкоӣ маблағгузорӣ шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Нишастҳои матбуотии вазоратхонаҳо шурӯъ мешавад.

Қарор аст, шурӯъ аз 21-уми июли соли ҷорӣ нишастҳои...

Баргузории нишасти навбатии ҲНИТ

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо баргузории як нишасти худ...

Норасоии оби ошомиданӣ дар Тоҷикистон

Бархе сокинони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мегӯянд, ки ҳукумати...

Русияву Чин вазъи ҷанг дар Украинаро баррасӣ карданд

Вазирони корҳои хориҷии Русия ва Чин дар рафти мулоқоти...