24.9 C
Dushanbe

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар дидор бо сафири Эрон ҳамкориҳои байни Душанбе ва Теҳронро баррасӣ карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, 21-уми августи соли 2023 Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мулоқот кард.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар рафти ин дидор, “ҷонибҳо вазъ ва дурнамои тавсеаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Эронро мавриди муҳокима қарор доданд.”

Гуфта мешавад, Муҳаммадтақии Собирӣ, яке аз сафирҳои муваффақи Эрон дар Тоҷикистон аст, ки пас аз оғози даврони сард шудани равобити сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ байни ду кишвар фаъолияти худро дар Тоҷикистон оғоз кард. Дар замони сафир будани ӯ, равобити Душанбе ва Теҳрон марҳила ба марҳила беҳтар шуд.

Дар ин дидор, ки ба муносибати поёни фаъолиятҳои дипломатии сафири Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуда, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам бо сипосгузорӣ аз фаъолиятҳои пурсамари Муҳаммадтақии Собирӣ аз вай ташаккур ва сипосгузорӣ карда, “изҳори боварӣ намуд, ки ӯ дар оянда низ дар таҳкиму густариши робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар” кумак хоҳад кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Танишҳои дипломатӣ байни Русия ва Озарбойҷон

Дар пайи боздошти даҳҳо озарбойҷонӣ дар шаҳри Екатеринбург, байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон танишҳои шадиди дипломатӣ ба миён омадааст.

130 млн доллари Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Фонди Рушди Арабистони Саудӣ Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот кардааст.

Ихроҷи густардаи афғонҳо аз Эрон

Мақомоти эронӣ пас аз ҷанги 12-рӯза бо Исроил ихроҷи густардаи муҳоҷирони афғонистониро рӯи даст гирифтаанд.

Ҳушдор! Ба Белорус сафар накунед!

Он муҳоҷирони тоҷикистоние, ки аз Русия бо сабабҳое ихроҷ ва мамнуъулвуруд шудаанд, ба Белорус ҳам сафар карда наметавонанд.