3.9 C
Dushanbe

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Туркия

Мақомоти олии Тоҷикистон ва Туркия дар бораи наҳваи ҳамкориҳои худ суҳбат карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 15-уми июли соли 2024 Исматулло Насредин, муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Умумт Аҷар, сафири фавқулода ва мухтори Туркия дар Тоҷикистон мулоқот кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бидуни ироаи ҷузъиёти ин мулоқот гуфтааст, ки ҷонибҳо дар вақти ин дидор дар бораи “муносибатҳои Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ” гап заданд.

Мулоқоти сафири Туркия бо муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳоле баргузор шудааст, ки ахиран садоҳои эътирозӣ алайҳи сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон дар робита бо маҳдуд кардани озодиҳои динӣ алайҳи мусалмонон, ва бахусус манъ кардани пӯшишҳои мазҳабӣ, хариду фурӯш, воридоту содирот ва ҳар гуна таблиғи онҳо дар дохили кишвар манъ шуда, ин амр вокунишҳои мухталиферо низ аз Туркия алайҳи Тоҷикистон ба бор овардааст. Коре, ки мақомоти Тоҷикистонро хеле нороҳат кардааст.

Гуфта мешавад, чанд рӯз қабл як гурӯҳ аз мусалмонони турк дар назди консулгарии Тоҷикистон дар Истанбул тазоҳурот карда буданд. Дар видеое, ки нашр шуда буд, дида мешуд як гурӯҳ аз шаҳрвандони турк зоҳиран дар назди консулгарии Тоҷикистон чамъ шуда, ва шиорхои “УМАТИ ИСЛОМ ЗАЛОЛАТРО ҚАБУЛ НАДОРАД”, ва “ҲАРАКАТИ ИСЛОМӢ МАНЪ КАРДА НАМЕШАВАД” шунида мешуд.

Инчунин Анҷумани олимони мусалмон (мақарраш дар Истанбул), бо нашри як изҳороти расмӣ манъи ҳиҷоби бонувон дар Тоҷикистонро маҳкум ва қарори ҳукумати Тоҷикистонро дар ин робита “мухолафати сареҳ бо шариати исломӣ” дониста, таъкид карда буд, ки мақомоти тоҷик бояд ин қарори худро бекор кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Русия

Мақомоти олии Тоҷикистон ва Русия дар нишасти навбатии машваратҳои сиёсии худ дар бораи "масоили муқовимат ба таҳдиду чолишҳо" суҳбат карданд.

Роҳҳои Ҳисор-Душанбе кай таъмир мешаванд? 

Корбарон дар гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” бо нашри чанд акс аз ҳоли зори роҳи Ҳисор-Душанбе хабар медиҳанд.

Оё раводиди байи Эрон ва Тоҷикистон пурра бекор шуд?

Зимни сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз лағви пурраи низоми раводид байни ду кишвар хабар дод.

Номаи мухолифи тоҷик ба Трамп

Шарофиддин Гадоев, раиси Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон бо навиштани номае ба Президенти тозаинтихоби Амрико Доналд Трамп аз мушкилоти Тоҷикистон гуфтааст.