Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои чиниаш Ван И дар бораи таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин гуфтугӯ кардааст.
Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 16-уми июли соли 2025, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин дар шаҳри Тянҷини Чин дар ҳошияи нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Сомзони ҳамкориҳои Шанхай мулоқот кардааст.
Ба қавли манбаъ, ҷонибҳо дар рафти ин мулоқот “ҷараёни татбиқи тавофуқоти дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон дар соли 2024 ва мулоқоти раҳбарони ду кишвар дар Остона дар моҳи июни соли 2025 ҳосилшударо, ки барои таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ уфуқҳои нав боз карданд, баррасӣ ва муҳокима намуданд.”
Чин бо афзоиши кумакҳо ва сармоягузориҳои молӣ ва фанӣ тавонистааст бозори иқтисодии Тоҷикистонро қисман вобастаи худ кунад. Ҳамин вобастагиҳо ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро маҷбур кардаанд, ки ҳазорҳо гектар заминҳои корамро ба деҳқонони чинӣ дода беш аз 75 дарсад конҳои Тоҷикистонро низ дар ихтиёри бархе соҳибкорону ширкатҳои чинӣ қарор бидиҳад.
Гуфтанист, Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай субҳи дирӯз, 15-уми июл нишасти навбатии худро дар шаҳри Тянҷини Чин оғоз карда, зуҳри имрӯз 16-уми июл бо судури чанд қарор ва як изҳороти муштарак ба кори худ поён дод.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон пеш аз ин дар раъси як ҳайати расмӣ бо дигар ҳайатҳои кишварҳои узви ин созмон низ дар ҳошияи ин нишастҳо дидору мулоқотҳоеро анҷом дода буд.