27.9 C
Dushanbe

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Малта

Мақомоти олии Тоҷикистон ва Молта дар бораи наҳваи ҳамкориҳои дирӯзу имрӯзи худ гуфтугӯ карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, 26-уми июни соли 2024, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо Ян Боргсарони, Раисикунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазири корҳои хориҷиву аврупоӣ ва савдои Ҷумҳурии Малта дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин мулоқот, бар иловаи баррасии ҳамкориҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо инчунин ҷонибҳо дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Малта низ суҳбат карданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, ҷонибҳо дар рафти мулоқот дар бораи “роҳҳои густариши робитаҳои Тоҷикистону Малта дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла муносибатҳои байнипарлумонӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, соҳибкорӣ сайёҳӣ ва гуманитариву фарҳангӣ ҳам аз мавзуъҳои суҳбат буд.”

Сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо бо Ян Боргсарони, Раисикунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазири корҳои хориҷиву аврупоӣ ва савдои Ҷумҳурии Малта хабар додааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон афзуда, ки: “Ҷонибҳо инчунин атрофи қазияҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла муқовимати муштарак алайҳи чолишҳои муосир, тағйирёбии иқлим, терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷиноят мубодилаи афкор намуданд.”

Гуфта мешавад, муносибатҳои Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта оғоз шудааст. Дар ин муддат САҲА ба Тоҷикистон кумакҳои зиёде кардааст. Аммо тайи 10 соли ахир ҳаҷми ин муносибатҳо камтар шудааст. Зеро ҷониби Тоҷикистон САҲА-ро ба он муттаҳам мекунад, ки минбарҳои худро дар ихтиёри мухолифини Эмомалӣ Раҳмон қарор медиҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мусодираи хонаи падарии Бобоевҳо

Мақомот хонаи падарии Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ ва узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар ноҳияи Восеъ мусодира карданд.

Интихоботи зудҳангом дар Эрон

Имрӯз ҷумъа, 28-уми июн дар Эрон интихобот призидентӣ оғоз шуд.

Муовини Саидҷаъфар Усмонзода низ боздошт шуд

Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва муовини аввали раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода боздошт шудааст. Дар ин бора Радиои Озоди бо такия аз ду манбаи худ рӯзи 27-уми июн хабар дод.

Номаи бози Иттиҳоди олимони мусалмон ба Эмомалӣ Раҳмон

Раиси Иттиҳоди олмиони мусалмон Алӣ Қарадоғӣ ва Дабири кулли ин ниҳод Алӣ Муҳаммади Саллобӣ дар номаи бозе ба Эмомалӣ Раҳмон хостори бекор кардани қавонини зиддидинӣ шуданд.