Баррасии истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ дар нишасти Додситони кул

Додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода низ аз пешгирии истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он гуфтааст.

6-уми майи соли ҷорӣ, ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо иштироки мақомдорони кишвар, ба мисли Мансурҷон Умаров, раиси низоми зиндонҳои Тоҷикистон, Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли кишвар ва раиси КДАМ Саймумин Ятимов баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа Воҳидзода таъкид кардааст, ки яке аз омилҳои асосии рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ва сохтани зиндагии шоиста барои мардум, ин бо нерӯи барқи доимӣ таъмин намудани аҳолӣ ба шумор меравад.

Ва ба аъзои Шӯро дастур шудааст, ки моҳияту муқаррароти қонунгузории навро вобаста ба вазнинии ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ истифода намудани нерӯи барқ ба таври комил ба самъи аҳолӣ расонанд.

Мақомдорони ҳифзи ҳуқуқ дар ҳоле аз истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ дар кишвар мегӯянд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи кишвар аввал дар як ҷаласаи васеи Ҳукумат аз таъйини ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ гуфта буд ва дар давоми камтар аз даҳ рӯз тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро Вазорати адлия таҳия намуда, онро вазири ин ниҳод Музаффар Ашӯриён дар назди вакилони парлумон муаррифӣ кард.

Ин қонун 2-юми апрели соли ҷорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони кишвар баррасӣ ва қабул гардида, худи раисҷумҳур Раҳмонов ва палатаи болои парлумон бо раҳбарии Рустами Эмомалӣ онро тасвиб карданд. Дар қонун гуфта мешавад, афроде, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон мекунанд, аз 27000 то 90000 сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол ба зиндон маҳкум мешаванд.

Пас аз қабули ин қонун чандест хабарҳои зиёд дар мавриди ба ҷавобгарӣ кашида шудани сокинон барои истифодаи ғайриқонунии барқ нашр мешавад. Ба гуфтаи сокинон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳам дар манотиқи гуногуни кишвар хона ба хона гашта, корҳои назоратӣ ва “рейд” мегузаронанд.

Гуфта мешавад, дар ҳоле мақомдорон бо раҳбарии раисҷумҳури худкома Раҳмон ҳамеша аз сарфаҷӯии дар истифодаи нерӯи барқ мегӯянд, ки дар Тоҷикистон маҳудиятҳои зиёде дар истифодаи он амал мекунад. Аз ҷумла, муштариёне, ки зиёда аз 10 ҳазор киловат соат дар як моҳ барқ истифода мебаранд, арзиши барқ бо нархи корхонаҳои тиҷоратӣ барояшон ҳисоб карда мешавад.

Инчунин тибқи қарори нави Ҳукумати кишвар, аз 1-уми апрели соли 2025 арзиши нерӯи барқ низ боло рафт. Сокинон барои ҳар киловат соат барқ ба ҷойи 30,37 дирам 35,36 дирам пардохт хоҳанд кард.

Вале дар баробари ин ҳама маҳдудияту гаронӣ сокинони кишвар аз камбуди барқ ранҷ мекашанд ва маълум нест раисҷумҳур ва масъулин дар баробари ҷазову маҳдудиятҳо барои бартараф намудани ин мушкилот чӣ иқдоме пеш гирифтаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.