27.9 C
Dushanbe

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон

Сарони дастгоҳҳои дипломатии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар бораи рушди ҳамкориҳои ояндаи худ дар пойтахти Қазоқистон гуфтугӯ карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, 27-уми феврали соли 2023, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо муовини сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Қазоқистон ҷаноби Мухтор Тлеуберди дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон мулоқот кард.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо дар бораи “масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин ҳамкориҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ” суҳбат карданд.

Гуфта мешавад, вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дар рафти ин мулоқот низ баъзе масоили марбут ба мулоқоти сарони кишварҳо, ки дар соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, муҳокима карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Нишастҳои матбуотии вазоратхонаҳо шурӯъ мешавад.

Қарор аст, шурӯъ аз 21-уми июли соли ҷорӣ нишастҳои...

Баргузории нишасти навбатии ҲНИТ

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо баргузории як нишасти худ...

Норасоии оби ошомиданӣ дар Тоҷикистон

Бархе сокинони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мегӯянд, ки ҳукумати...

Русияву Чин вазъи ҷанг дар Украинаро баррасӣ карданд

Вазирони корҳои хориҷии Русия ва Чин дар рафти мулоқоти...