24.9 C
Dushanbe

Баррасии ҳукми қатл дар Тоҷикистон

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи инсон бо Комиссияи байналмилалӣ бар зидди ҳукми қатл дар шаҳри Женева баргузор шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, 27-уми феврали соли 2023 дар ҳошияи иҷлоси 52-юми Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо хонум Рут Дрейфус, ноиби Президенти Комиссияи байналмилалӣ бар зидди ҳукми қатл мулоқот кард.

Дар ин мулоқот, ки дар шаҳри Женева баргузор гардид, ҷонибҳо “дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн” суҳбат карданд.

Гуфта мешавад, Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2004 ба ин сӯ расман нисбат ба ҳукми қатл маратория эълон кардааст, аммо ба гуфтаи бархе коршиносон, мақомоти қудратии тоҷик амалан ҳар вақте ва дар ҳар шароите хоҳанд, онҳоеро, ки муттаҳам ба ҷиноятҳои сангинанд, аз байн мебаранад.

Аз ҷумла қатли Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа дар Бадахшон ва қатли Абдуқаҳҳор Розиқов ҳангоми бозпурсӣ дар боздоштгоҳи шаҳри Кӯлоб суолҳои зиёдеро дар зеҳни мардум халқ кардааст.

Аксари корбарони шабкаҳои иҷтимоии тоҷикӣ аз намунаҳои дигари куштори шаҳрвандон тавассути мақомоти кишвар, ин қатли 70 нафар аз ҷавонони ноҳияи Рӯшону шаҳри Хоруғи ВМКБ-ро пеш меоранд, ки тобистони соли гузашта бо фармони худи Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта буд.

Пеш аз инҳо, мақомоти Тоҷикистон дар солҳои 2019 ва 2020 бо роҳандозии ошӯбҳои идорашаванда дар зиндонҳои шаҳри Ваҳдат ва Хуҷанд даҳҳо нафар аз зиндониёни сиёсӣ, мазҳабӣ ва ғайраро низ ба сурати комалан бераҳмон ба қатл расониданд.

41 рӯз пеш аз ин мақомоти олмонӣ дар ҳамкорӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Берлин фаъоли сиёсӣ Абдуллоҳи Шамсиддинро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд, ки то ҳол мақомоти тоҷик аз макони буду боши ӯ хабаре намедиҳад ва хонаводаву наздиконашро хеле нигарон кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Танишҳои дипломатӣ байни Русия ва Озарбойҷон

Дар пайи боздошти даҳҳо озарбойҷонӣ дар шаҳри Екатеринбург, байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон танишҳои шадиди дипломатӣ ба миён омадааст.

130 млн доллари Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Фонди Рушди Арабистони Саудӣ Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот кардааст.

Ихроҷи густардаи афғонҳо аз Эрон

Мақомоти эронӣ пас аз ҷанги 12-рӯза бо Исроил ихроҷи густардаи муҳоҷирони афғонистониро рӯи даст гирифтаанд.

Ҳушдор! Ба Белорус сафар накунед!

Он муҳоҷирони тоҷикистоние, ки аз Русия бо сабабҳое ихроҷ ва мамнуъулвуруд шудаанд, ба Белорус ҳам сафар карда наметавонанд.