11.9 C
Dushanbe

Баррасии шароити сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар Душанбе

Дар Душанбе мехоҳанд аз таҷриба ва имконияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои татбиқи лоиҳаҳаои стратегӣ истифода баранд.

Ин масъала дар нишасти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо ширкатҳои аъзои Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистон ва Амрико, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баррасӣ шуд.

Дар вохӯрӣ имконияти сармоягузории Тоҷикистон дар соҳаҳои сайёҳӣ, энергетика, бонкдорӣ, технологияҳои муосири рақамӣ ва инноватсия баррасӣ ва муҳим арзёбӣ гардиданд.”, омадааст дар хабар.

Дар ин нашст раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар барои тақвияти ҳамкории бахши хусусии ду давлат, аз ҷумла “ташкили корхонаҳои муштарак” таъкид кардааст.

Раҳимзода гуфта, ки дар Тоҷикистон шароити мусоиди рушди тиҷорат ва сармоягузорӣ муҳайё аст ва барои соддагардонии равандҳои иқтисодӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шуда истодаанд. Ӯ афзуда, ки “қонунгузории кишвар барои сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ ҳуқуқҳои баробар пешбинӣ намудааст.”

Ин иддаои мақомдори давлатии Тоҷикистон дар бораи соддагардонӣ ва муҳайё будани шароити рушди тиҷорат ва сармоягузорӣ дар кишвар дар ҳолест, солона садҳо соҳибкори ватанӣ ба далели набуди қавонин баробар, тафтишҳои беҷо ва андозҳои миёншикан фаъолияти тиҷоратии худро қатъ мекунанд.

Ба гуфтаи аксар тоҷирон, дар Тоҷикистон қариб ҳама тиҷоратҳоро мансабдорони баландмақом ва фарзандони онҳо инҳисор кардаанд ва шахсоне метавонанд дар тиҷоратҳои каме даромаднок сармоягузорӣ кунанд, ки бо масъулини боло ва ё, ба қавли мардум, ба “тағо” ришва медиҳанд, дар акси ҳол барои як тоҷир ва сармоягузорӣ оддӣ рушд кардан кори соддае нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷашни “Ҷумъаи пирӯзӣ” дар шаҳрҳои Сурия

Рӯзи 13-уми декабр садҳо ҳазор нафар дар шаҳрҳои мухталифи...

Амрико хостори озодии зиндониёни сиёсии тоҷик шуд

Баъзе аз сенаторони Амрико аз Ҳукумати Тоҷикистон озодии фаврии зиндониёни сиёсиро талаб карданд.

Ҷабборов дар бораи марз гуфт, Раҳмонов хомӯш аст

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов баъзе аз ҷузъиёти созишномаи марзии ду кишварро ошкор кард.

Мундиали 2030 ва 2034 маълум шуд дар кадом кишварҳо мешавад

FIFA маълум кард, ки Ҷоми ҷаҳонии футбол солҳои 2030 ва 2034 дар кадом кишварҳо баргузор мешавад.