8.9 C
Dushanbe

Баъзе бонкҳои Тоҷикистон интиқоли маблағ ба Русияро маҳдуд карданд

Аз аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ чанде аз бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон барои муштариёни худ имкони интиқоли пул ба Русияро қисман маҳдуд карданд.

Тибқи гузориши “Настоящее Время”, ин иқдом эҳтимолан ба таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо рабт дорад, ки охири моҳи октябр 19-умин бастаи таҳримҳоро бар зидди Русия ҷорӣ кард. Дар миёни ин бастаи таҳримҳо се бонки Тоҷикистон:
“Спитамен Банк”, “Душанбе Сити Банк” ва “Коммерцбонк” шомиланд.

Гуфта мешавад, яке аз бонкҳое, ки барои интиқоли пул ба Русия таҳримҳоро ба назар гирифта, аз ҳоло маҳдудият ҷорӣ кардааст, ин Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) мебошад. Масъулони ин бонк ошкор нагуфтаанд, ки мушкилӣ чист, аммо маҳдудиятҳоро “муваққатӣ” ва “техникӣ” гуфтаанд, вале таъкид кардаанд, ки фиристодани маблағ аз ҳамён ва ҳисоби бонкӣ ба корти бонкҳои Русия мутаваққиф шудааст. Бо вуҷуди ин, манбаъҳо мегӯянд, маҳз таҳримҳо боиси пайдо шудани чунин монеаҳо гардидаанд.

Як сокини Душанбе ба ин расона гуфтааст: “Паёмак гирифтам, ки аз 3-юми ноябр фиристодани пул ба Русия тавассути корти бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ муваққатан манъ шудааст”.

Чанде пеш Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки пайомадҳои таҳримҳоро нисбат ба се бонки зикршуда таҳлил намуда, “бо шарикони байналмилалӣ машварат” мекунад, то таъсири манфии таҳримҳоро коҳиш диҳад. Ҳамзамон Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ гуфта буд, ки вазъият таҳти назорат қарор дорад ва барои пешгирии паёмадҳои номуносиб чораҳои зарурӣ рӯйи даст гирифтаанд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, маҳдудиятҳои нав метавонанд вазъи муҳоҷирони кориро, ки аз Русия ба Тоҷикистон маблағ мефиристанд, ҷиддан зери таъсир қарор диҳанд. Илова бар ин, коршиносон бар онанд, ки ҳатто бонкҳое, ки бевосита таҳрим нашудаанд, сиёсати “эҳтиёткорона” пеш мегиранд, то аз таҳримҳои эҳтимолӣ дар оянда эмин бошанд.

Дар заминаи маҳдудиятҳои нави бонкӣ дар интиқоли маблағ аз Тоҷикистон ба Русия, иқтисоддонҳо ҳушдор медиҳанд, ки вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишвар метавонад таҳти таъсири ҷиддӣ қарор гирад.

Тибқи маълумоти расмӣ, зиёда аз 40% даромади хонаводаҳои тоҷик аз ҳисоби маблағҳои муҳоҷирон таъмин мегардад. Ба гуфтаи коршиносон, коҳиши дастрасӣ ба каналҳои расмии интиқоли пулҳо метавонад мушкилоти нави иқтисодиро дар Тоҷикистон эҷод кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тасвиби созишномае, ки кори муҳоҷирони тоҷикро осон мекунад

Муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар дохили Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва санадҳои зарурии тиббиро пеш аз сафар ба Русия дарёфт кунанд.

Пизишкиён: Баъзе давлатҳо аллакай барои миёнҷигарӣ иқдом карданд

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон мегӯяд, ки бархе кишварҳо барои оғози гуфтугӯҳо дар мавриди оташбас иқдом кардаанд.

Дар Исроил коргари тоҷик пас аз паҳн шудани навораш боздошт шуд

Пулиси Исроил як тоҷики зодаи Узбекистонро, ки дар ин кишвар ҳамчун муҳоҷири корӣ фаъолият мекард, пас аз паҳн шудани як навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт кардааст.

Баррасии дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Туркманистон

Ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон дар бораи таҳкими равобити тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию технологӣ дар Душанӣе баргузор шуд.