7.9 C
Dushanbe

Бекорӣ, коҳиши иқтисод ва афзоиши омори ҷинояткорӣ дар кишвар

Омори ду соли охир нишон медиҳад, ки Тоҷикистонро марҳилаи ошуфтагӣ фаро гирифтстааст. Коршиносони байналмилалӣ мегӯянд, ки вазъияти кунунӣ мустақиман ба “маҳсулот”-и асосии содиротии кишвар, яъне қувваи кории арзон вобаста аст.

Сар аз соли 2024 омилҳои беруна барои муҳоҷирони кории тоҷик таъсири манфӣ мерасонанд.

Дар Русия 16 қонуни нав қабул карданд, ки низоми будубоши шаҳрвандони кишварҳои бераводидро ба маротиб мушкилтар кард. Ҳамзамон ниҳодҳои қудратии ин кишвар пайдарпай зидди муҳоҷирон рейдҳо мегузаронанд.

Ба назар мерасад, Кремл талош дорад адади муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказиро кам кунад ва дар айни ҳол дар ҷустуҷӯи қувваи кории нав ба самти Ҳиндустон, Курияи Шимолӣ ва баъзе кишварҳои Африқо таваҷҷуҳ мекунад. Ҳамзамон ҳукумати Русия квотаҳои кориро зиёд мекунад, то муҳоҷирони кориро аз кишварҳои Осиё ва Африқо ҷалб кунад.

Дар маҷмуъ ин омилҳо аллакай ба раванди муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Русия таъсири худро гузоштааст, зеро дар солҳои 2024 ва 2025 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Русия барои кор рафтаанд, кам шудааст ва ин раванд ба таври устувор идома дорад.

Аммо ин ҳама дар дохили Тоҷикистон чӣ таъсире хоҳад дошт?

Пеш аз ҳама, теъдоди бекорон дар кишвар босуръат афзоиш меёбад. Дар ду соли охир тақрибан 220 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ихроҷ карда ё манъи вуруд шуданд ва беш аз 120 ҳазор нафари дигар ба рӯйхати шахсони таҳти назорат шомил гардидаанд. Дар маҷмуъ ин тақрибан 340 ҳазор нафар муҳоҷирони собиқро ташкил медиҳад, ки имрӯз дар кишвар бекор мондаанд.

Тавре Бонки ҷаҳонӣ бо дарназардошти вазъияти феълӣ пешбинӣ мекунад, ҳаҷми интиқоли пулии муҳоҷирони кории тоҷик дар соли ҷорӣ 10 дарсад – аз 5,8 миллиард доллар то 5 миллиард доллар коҳиш хоҳад ёфт. Ба назари коршиносони бонк, ин омил боиси суст шудани суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон мегардад ва сатҳи рушди он аз 8,4 дарсад дар соли 2024 то 4,7 фоиз дар соли 2027 поён меравад.

Бояд ёдовар шавем, ки Тоҷикистон ягона кишвар дар ҷаҳон аст, ки дар он ҳаҷми интиқоли пулии муҳоҷирони корӣ тақрибан ба 45 дарсади ММД баробар аст.

Ҳамзамон бо афзоиши бекорӣ, табиист, ки сатҳи ҷинояткорӣ низ боло меравад. Дар ду соли охир дар кишвар чанд кушторҳои тасаввурнопазири ваҳшиёнаи оилаҳо ба қайд гирифта шудаанд ва ҳадафи асосии онҳо ғоратгарӣ будааст.

Оморҳои расмӣ нишон медиҳанд, ки дар се соли охир сатҳи ҷинояткорӣ қариб 15 дарсад афзоиш ёфтааст. Афзоиши назаррас бештар дар ҷиноятҳои вазнин ва иқтисодӣ мушоҳида мешавад, аз ҷумла куштор, сӯиқасд ба куштор, қаллобӣ, қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир. Айни замон ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон низ рӯ ба афзоиш аст.

Табиист, ки ин адади рӯз аз рӯз афзоишёбанди бекоронро Эмомалӣ Раҳмон таҳдиди ҷиддие ба ҳокимияти оилавиву қавмии худ дид. Аз ҳамин сабаб ӯ ба таври фаврӣ дар пойтахт як воҳиди махсуси зудамале бо номи “Шоҳин” таъсис дода, онро барои пароканда кардани тазоҳурот бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин намуд.

Ҳамзамон ҳукумат бо тамоми қувва барои тоҷикон самтҳои нави муҳоҷирати корӣ ҷустуҷӯ мекунад. Тайи як соли охир Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати кишвар бо Ҷопон, Олмон, Қатар ва Кувайт созишномаҳо дар бораи ҷалби қувваи корӣ ба имзо расонд. Аммо шумораи муҳоҷирони корие, ки аз Тоҷикистон ба ин кишварҳо фиристода мешаванд, ҳатто ба ҳазор нафар ҳам намерасад. Сабаб дар он аст, ки аксари муҳоҷирони кории тоҷик дорои сатҳи пасти тахассус мебошанд ва дар кишварҳои пешрафта ба қувваи кории таххассусаш паст талабот ниҳоят кам аст.

Барои ҳалли ин мушкилӣ Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи январи соли гузашта бо суръати баланд талош мекунад низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро эҳё намояд. Ҳамингуна кумитаи дахлдор дар назди ҳукумат таъсис дода шуд ва Барномаи рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2026-2029 бо буҷаи 40 миллион доллар ба тасвиб расид. Аммо барои қабули ин қарор аллакай хеле дер шуда буд.

Бояд хотиррасон кард, ки ҳукумати Тоҷикистон дар тӯли се даҳаи гузашта ба мушкили бекорӣ дар кишвар аҳамияти ҷиддӣ надода, чуноне мегӯянд, “айбро ба каллаи дигарон мепартофт”. Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо адади бешумори хешутаборонаш дар мақомот ба монополияи иқтисод ва ғасби қудрат машғул буд.

Ӯ аслан нигарони мушкилии бекории густарда дар дохили кишвар набуд. Раҳмон розӣ буд, ки миллионҳо шаҳрванди бекораш барои пайдо кардани кор ба Русия бираванд, зеро низоми бераводид миёни ду кишвар то имрӯз ба ҳукумат имкон медиҳад, ки мардуми бекорро аз кишвар берун намояд.

Дар оғоз, дар шароити рушди иқтисодӣ ва коҳиши аҳолӣ Русия омода буд қувваи кории арзонро аз ин ҷумҳурии пасошӯравӣ, ҳатто дар ҳаҷми хеле зиёд қабул кунанд. Аммо, чун ҳамеша, ҳар кор поёни худро дорад, бинобар ин, пас аз оғози ҷанги густурдаи Русия алайҳи Украина, Кремл тасмим гирифт, ки дигар бо мушкилиҳои диктатори тоҷик худро дарди сар накарда, ӯро бо теъдоди бузурги шаҳрвандони бекораш танҳо гузорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Олмон як ҷавони тоҷикро ба Душанбе ихроҷ кард

Як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон, ки дар шаҳри Магдебурги Олмон бо гумони тарҳрезии ҳамла боздошт шуда буд, ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Ҷиноятҳои беҷазои Раҳмон – чӣ гуна мунтақидон таъқиб ва зиндонӣ мешаванд?

“Дар замони дурӯғгӯйии умумиҷаҳонӣ рост гуфтан ифротгароӣ аст”. Ин сухан, ки ба Ҷорҷ Оруэлл нисбат дода мешавад, вазъияти имрӯзаи Тоҷикистонро хеле дақиқ нишон медиҳад.

Паём чӣ паём дошт?

Паёми ғайришаффоф. Стротежии милии рушд тайи се сол такмил мешавад?

Хазонрез – Истеъфои масъулони баландпояи ҲНИТ

Дар рӯзҳои охири соли ҷорӣ ду масъули баландпояи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз сафи ҳизб канор рафтанд.