32.9 C
Dushanbe

Бемористонҳо дар Ғазза дар остонаи фурӯпошӣ

Бемористонҳо ва марказҳои табобатӣ дар Навори Ғазза дар ҳоли фурӯпошӣ қарор доранд. Ба иттилои расонаҳо, камбуди шароити табобатӣ вазъи мардумро бадтар кардааст.

Вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза рӯзи 30-уми июн бо нашри изҳороте эълом кард, ки бемористонҳо ва марказҳои табобатӣ дар Навори Ғазза ба эҳтимоли зиёд давоми 48 соати оянда ба далели камбуди маводи сӯхт пурра аз кор бозмонанд.

Мақомҳои Вазорати беҳдошти Фаластин аз Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои ҳуқуқи башарӣ хостаанд, то барои таъмини маводи сӯхт ва фаъол кардани генераторҳо ба таври сареъ мудохила кунанд, то ҳарчи зудтар кумакҳо бирасанд, дар акси ҳол мушкилоти мардум вахим хоҳад шуд.

Расонаҳо навиштаанд, ки беморон дар бемористонҳои Ғазза бо даво ва шароити муносиб таъмин нестанд, ҳатто дар чанд бемористони андаке, ки боқӣ мондаанд, дар натиҷаи камбуди таҷҳизоти беҳдоштӣ ва маводи сӯхт беморон ба уфунатҳои гуногун гирифтор шуда, ҷон медиҳанд.

“Дар ҳоле, ки бархе беморон аз инфиҷорҳои вазнине ҷон ба саломат мебаранд, вале чун маҷруҳ мешаванд ва барои табобат дар бемористон бистарӣ мешаванд, дар натиҷаи камбуди лавозими тиббӣ ҷон медиҳанд.”, мегӯяд яке аз масъулини Вазорати беҳдошти ин кишвар.

Маҳдудиятҳои ҷорӣ аз ҷониби артиши Исроил болои мардуми Ғазза бар иловаи камбуди шадиди маводи ғизоӣ камбуди таҷҳизоти пзишкиро дар ин борика бештар кардааст. Табибон гуфтаанд, ҳатто ҳеч маводи заруире барои шикастабандӣ ва ҷобаҷокунии устахонҳои шикаста, ки аксари захмиён бо ҳамин иллат оварда мешаванд, дар бемористонҳо боқӣ намондааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомҳои баландпояи СММ ва дигар созмонҳои ҳуқуқи башарии ҷаҳонӣ аз ин пештар борҳо ҳушдор дода буданд, ки манъи воридоти кумакҳои башардӯстона аз ҷониби Исроил ба Навори Ғазза ин минтақаро ба қаҳтии шадид рӯбарӯ кардааст.

Ёдовар мешавем, ки 269 рӯз мешавад дар Навори Ғазза ҷанг идома дорад. Гуфта мешавад, дар 24 соати гузашта артиши Исроил чандин хонаҳора бомборон кардааст, ки дар натиҷа 43 нафар ҷон бохта, 111 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Ба иттилои Вазорати беҳдошти Фаластин, аз оғози ҷанг то имрӯз дар натиҷаи бомборонҳои бевақфаи артиши Исроил болои мардуми Ғазза наздики 38 ҳазор нафар ҷон бохта, беш аз 87 ҳазор нафар дигар захмӣ шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кумаки 141 миллионии ИА ба Тоҷикистон

Иттиҳоди Аврупо эълон кардааст, ки зиёда аз 140 миллион евро ба Тоҷикистон кумак мекунад.

Рушди беш аз 8%-и иқтисоди Тоҷикистон

Гузоришгарони Бонки ҷаҳонӣ мегӯянд, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар 16 моҳи ахир беш аз 8% тавсеа ёфтааст.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо

Мақомоти боломақоми Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар бораи ҳамкориҳои дирӯз ва имрӯзи худ гуфтугӯ карданд.

Шикояти мардум аз беобӣ дар Тоҷикистон

Бархе сокинони шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон мегӯянд, ки чор моҳ боз мардум аз беобӣ азият мекашанд ва касе дар вилоят ба доди онҳо намерасад.