29.9 C
Dushanbe

Беш аз 33% сокинони Тоҷикистон аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки беш аз 33 фоизи сокинони кишвар аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд.

Бино ба иттилои расмӣ, “аз шумораи 10 миллион аҳолии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 66 фоиз, ё ин ки 6 миллион 741 ҳазор нафар бо оби нӯшокии мутамарказонидашуда таъмин мебошанд.”

Ба қавли Раҷабалӣ Расулзода, муовини Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” агар то охир соли ҷорӣ Барномаи “Таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ барои давраи то соли 2032” аз ҷониби ҳукумат қабул карда шавад, сокинони ҳама шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, деҳаҳо ва кӯчаҳои кишвар бо оби нӯшокӣ таъмин хоҳанд шуд.

Сокинони хеле аз шаҳру ноҳияҳои кишвар дар деҳаҳои дуру наздик аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Аксари онҳое, ки дар деҳот зиндагӣ мекунанд, обро аз масофаҳои тӯлонӣ тавассути хару арабоҳо кашонда ба хонаҳои худ меоранд.

Ҳафтаи гузашта ҳам даҳҳо нафар аз сокинони бузургшаҳрҳои Тоҷикистон бо нашри аксу наворҳо аз пойтахт, шаҳри Бохтар, шаҳри Кӯлоб, шаҳри Турсунзода ва ғайра гуфта буданд, ки дар ин гармои тафсони тобистон аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар беш аз ду даҳсолаи ахир аз ҳама минбарҳое, ки барои ӯ фурсат дода мешуд, дар бораи оби тоза барои ошомиданӣ, ва камобӣ дар дигар кишварҳои дунё суҳбат мекард. Ва чанде пеш ҳам нишасти ҷаҳоние низ бо ҳузури Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе дар бораи даҳсолаи об баргузор кард, аммо ҳамоно мардум дар пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз норасоии оби ошомиданӣ шикоят мекунанд.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди он ки сокинони шаҳр борҳо дар бораи чунин мушкилоти камобӣ ва ё беобии худ ба масъулин арзу шикоят кардаанд, аммо чун дар Тоҷикистон вазифаҳо хариду фурӯш мешаванд ва дар хеле марвидҳо касоне ба вазифаҳо таъйин мешаванд, ки аз уҳдаи кор баромада наметавонанд, мушкилоти мардум зиёдтар ва эътимоди онҳо нисбат ба ҳукумат камтар мешавад ва сокинон ҳам маҷбур мешаванд, ки ҳама дарду додхоҳии барои рафъи мушкилоти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо рӯзноманигорон ва дигар фаъолони ҷомеа бигӯянд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Ин муаммора кӣ ҳал мекарда бошад?” Шикояти олими тоҷик

Бархе донишмандони тоҷик аз бетаваҷҷуҳии ҳукумат ба онҳо ва нодида гирифтани хидматҳои илмияшон шикоят мекунанд.

Боз як монеа барои муҳоҷирони таксирон дар Русия

Дар Русия алайҳи муҳоҷирони таксирон қонунҳои шадидтареро ҷорӣ карданд, ки фаъолияти онҳоро душвор мекунад.

Таҷлили Иди Қурбон дар Тоҷикистон муайян шуд

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 29-уми майи соли ҷорӣ дар ҷаласаи ахираш рӯзи таҷлили Иди Қурбон дар кишварро эълон кард.

Илон Маск аз сиёсат рафт

Миллиардер ва муассиси ширкатҳои маъруфи "Tesla" ва "SpaceX" Илон Маск аз мақоми мушовири махсуси ҳукумати президенти ИМА Доналд Трамп расман истеъфо дод.