Хабар УМУМӢ

Ихроҷи беш аз 130 муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон

Беш аз 130 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Маскав қарор доранд, ба ватан ихроҷ мешаванд. Акс: Интернет Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар саҳифаи фейсбукии худ хабар додааст, ки консули Тоҷикистон дар Русия Искандар Шарофзода аз ин боздоштгоҳ, ки воқеъ дар Сахарово аст, дидан кардааст. Гуфта мешавад, ки консул бо […]

Беш аз 130 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Маскав қарор доранд, ба ватан ихроҷ мешаванд.

Акс: Интернет

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар саҳифаи фейсбукии худ хабар додааст, ки консули Тоҷикистон дар Русия Искандар Шарофзода аз ин боздоштгоҳ, ки воқеъ дар Сахарово аст, дидан кардааст.

Гуфта мешавад, ки консул бо раҳбари ин марказ Алексей Лагода мулоқот намуда, дар ҷараёни он ҷонибҳо шароити нигоҳдории шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сахароворо баррасӣ кардаанд.

Инчунин, масъалаи сабти асноди зарурӣ ва баргардонидани муҳоҷирон ба Тоҷикистон баррасӣ шудааст.

Дар хабари сафорат гуфта мешавад, ки кормандони сафорат бо шаҳрвандони Тоҷикистон суҳбат доир намуда, ба саволҳои онҳо посух ва маслиҳатҳои ҳуқуқӣ доданд. Ва ба шаҳрвандон меъёрҳои асосии қонунгузории Федератсияи Русия дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ фаҳмонда шуданд.

Гуфта мешавад, ки дар ин марказ 136 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор дошта, ба 133 нафари онҳо аз ҷониби Хадамоти консулӣ шаҳодатномаи бозгашт ба ватан “ройгон” дода шудааст.

Мавзӯъҳои марбут