31.9 C
Dushanbe

Билетҳои парвози чартериро муҳоҷирон то 45 ҳазори русӣ мехаранд

Сурат: tj.sputniknews.ru

Намояндаи ширкати ҳавопаймоии “Utair-т”- Русия хабар додаст, ки билетҳои хатсайри Душанбе – Маскав, ки парвози он санаи 14 ноябр анҷом мепазирад, ҳамааш фурӯхта шудааст.

Гуфта мешавад, арзиши чипта аз 42 то 45 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад.

“Азия-Плюс” аз манбааш аз ширкати “Utair” дар Тоҷикистон навшитааст, ки билетҳо ба хатсайрҳои пешбинишуда ба рӯзҳои 21 ва 28 ноябр ҳоло ба фурӯш гузошта нашудаанд.

Намоянаи ширкат иброз дошта, ки шумораи хоҳишмандони сафар аз Тоҷикистон ба Русия хело зиёд аст, ки метавонанд аз билетҳои парвозҳои 21- 28 ноябр харидорӣ намоянд.

Вале маълум нест, ки билетҳои санаи 21 кай ба фурӯш гузошта мешаванд, гуфтааст манбаи “Азияи Плюс”.

Ба гуфтаи ӯ, билетҳоро дар сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоӣ ва нуқтаҳои билетфурӯшии Тоҷикистон ва Русия харидан мумкин аст.

“Агар ба баровардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия иҷоза мебуд, билетҳо хеле арзонтар мешуданд”, – мегӯяд масъули ширкат.

Маврид ба ёдоварист, ки бадъ аз рӯзи 31 октябр – замоне, ки ҷониби Русия ба ширкати “Сомон Эйр” иҷозати парвоз надод ва зиёда аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳи Домодедово дармонда буданд, ҷонибҳо иттифоқ намуданд, ки ширкати “Utair-т” ҳам ба Тоҷикистон парвози чартерӣ анҷом бидиҳад.

Гуфта мешавад, хатсайрҳои мазкур барои аз хориҷа ба ватан баргардонидани шаҳрвандони Русия, инчунин шахсоне, ки ҷиҳати вуруд ба Русия мутобиқи фармоиши ҳукумати Русия аз 16 март (№635) асос доранд, пешбинӣ шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Анҷумани иқтисоди рақамии СҲШ дар шаҳри Тянҷзини Чин

Дар чаҳорчӯби Анҷумани иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Тянҷзини Чин ҷаласаи пӯшидаи вазирони иқтисодии кишварҳои узви ин созмон баргузор гардид.

Боздошти як омӯзгори забони англисӣ дар Душанбе бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқӣ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки як марди 50-сола бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқи ба як гурӯҳ духтарони ҷавон боздошт шудааст.

Чаро мақомот дар бораи хабари ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ хомӯшанд?

Масъулини муҳоҷирони афғонистонӣ дар Душанбе хабари ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистонро рад карданд.

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.