Қазоқистон

Қазоқистон ба Тоҷикистон наздики $2 млн кумак кард

Қазоқистон ба Тоҷикистон миқдори 5 ҳазор тонна сӯзишвории дизелии навъи "мазут", ки маблағи умумии он 1,8 миллион долларро ташкил медиҳад, кумаки башардӯстона фиристод.

Тавре расонаҳои қазоқӣ хабар медиҳанд, 21-уми феврали соли ҷорӣ сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихон Туреханов ба директори Агентии захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон Нурмаҳмад Аҳмадзода шаҳодатномаи кумаки расмии башардӯстонаи Қазоқистонро супурд.

Аҳмадзода низ дар навбати худ аз кумакҳои кишвари ҳамсоя, ки аз 5 ҳазор тонна мазут иборат аст, изҳори миннатдорӣ кард.

Гуфта мешавад, ин кумакҳои башардӯстонаи Қазоқистон дар шакли маводи сӯзишворӣ бо дастури худи раисиҷумҳури он кишвар Қосим-Ҷомарт Тоқаев бо ҳадафи фаъолгардонии иншооти муҳими энержии Тоҷикистон тақдим шудааст.

Маводи сӯзишвории мазути Қазоқистон дар ҳоле вориди Тоҷикистон мешавад, ки чандест дар ин зимистони сарди имсола сокинони шаҳри Душанбе аз сардии хонаҳояшон шикоят мекунанд. Аммо масъулини марказҳои барқу гармидиҳии кишвар сабаби чунин мушкилиро дар камбуди газу мазут мегӯянд.

Гуфта мешавад, дар Тоҷикистон мазут маъмулан дар марказҳои барқу гармидиҳӣ истифода мешавад.

Расонаҳои қазоқистонӣ низ мегӯянд, ба далели қатъи пайвастаи нерӯи барқ ​​ва гармидиҳӣ дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, бо ҳадафи ба амнияти энергетикӣ ин кумакҳо фиристода шудааст.

Гуфтанист, Қазоқистон аз соли 2006 инҷониб дар ҳаҷми 44 миллион доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон кумакҳои башардӯстона иро кардааст.

Хонандагони азиз, лутфан, ҳар хабару гузоришеро, ки мушоҳида мекунед ва ё пешниҳоду суоле доред, метавонед онро ба мо, тариқи почтаи электронӣ, Telegram, WhatsApp, Viber ва Imo ба ин рақам:

Матолиби дигари Қазоқистон

Имрӯз

Вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе

Қирғизистон

Нишасти якуми гурӯҳи кории муштарак оид ба Афғонистон

Тоҷикистон

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон

Қазоқистон

Бензин гарон мешавад? Қазоқистон содироти бензинро боз медорад