Бо арзиш шудани “Таппак” дар Тоҷикистон ва саҳми Раҳмон дар ин кор 

Бо оғози фасли сармо аҳолӣ дар Тоҷикистон бори дигар вориди мушкилоти бебарқӣ ва камбуди ҳезуму маводи гармидиҳӣ гаштанд.

Имсол, ба гуфтаи сокинон, фасли сармо нисбати солҳои пештар хело барвақт шуруъ шуд. Ҳоло мардум маҷбуранд дар фикри гарму равшан кардани хонаҳояшон бошанд.

Раҳмон бо ҳукуматаш аз чанд сол аст, ки дар ин бора бо сароҳат ба мардуми кишвар мегӯяд, ки коре аз дасти ӯву ҳукуматаш барнамеояд. Аз соли 2010 ба ин ҷониб Раҳмон ҳамасола дар паёмҳояш ба мардум ҳушдор медиҳад, ки ҳар як хонавода бояд захираи дусолаи ғизоӣ ва сӯзишворӣ дошта бошад. 

Вале ҳоло ки фасли сармо ҳам сар мерасад, то кунун ин ҳушдор аз забони худи ӯ садо надодааст. Аммо вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҳанӯз охири моҳи август гуфта буд, ки  “бояд омодагии ҷиддӣ бигирем ва ангишт захира кунем.”

Раисҷумуҳур пештар чанд дафъа ба мардум ваъда дода буд, ки бебарқӣ дар кишвар афсона мешавад, аммо бо вуҷуди ба истифода дода шудани 2 чархаи нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва бештар шудани содироти барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистону Узбекистон Раҳмон то ҳол ин ваъдаи худро амалӣ накарда аст. 

Бо ин шакл, Ҳукумат баҷои андешидани чораҳо барои ҳалли мушкилоти сокинон то ба барқу гармӣ дастрасӣ дошта бошанд, ин амрро ба худи онҳо вогузор кардаанд. Чизе, ки боис шуда нархи ҳезуму ангишт ва хостан таппак боло биравад.

Ҳоло ба гуфтаи сокинон, нархи ангишт нисбатан гаронтар шудааст ва аз ин хотир қисме аз мардум рӯ ба таппак овардаанд, то бо он хонаҳояшонро гарм кунанд. 

Тибқи иттилои “Азия-Плюс”, ҳоло дар Тоҷикистон нархи як килограмм ангишт ба ҳисоби миёна аз 2 то 2,5 сомонӣ арзиш дорад. Ин ҳам нархи ангишти маҳаллӣ аст, дар ҳоле, ки ангишти Қирғизистон аз 3,5 то 4 сомонӣ нарх дорад. Сокиннон гуфтаанд, як оилаи миёна барои гарм кардани як утоқ дар мавсими сармо ба бештар аз як тонн ангишт эҳтиёҷ дорад. Бар изофаи ин, боз чӯбу таппак низ истифода мешавад.

Ҳоло дар Тоҷикистон миёни мардум ва хосстанд дар деҳаҳо таппак ба яке аз маҳсулоти нисбатан муҳим табдил гашта, сокинон барои захираи он талош мекунанд, ки дар фасли зимистонҳо барои гарм кардани хонаҳояшон аз он истифода кунанд. “Азия-Плюс” аз нақли фурӯшандагони таппак навишта, ки як мошини тамғаи “Портер”-и таппак ҳоло 1500 сомонӣ арзиш дорад.

Таппак маводест, ки аз саргини чорво омода мешавад. Замоне танҳо дар деҳаҳои дурдаст аз он барои пӯхтану нон дар танур истифода мекарданд. Аммо бо омдани Раҳмон бар сари қудрат дар Тоҷикистон ва бо ҷорӣ кардани низоми қатъи барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон батадриҷ ин маҳсули дастӣ ҳатто дар шаҳрҳо ва атрофи он машуҳр шуд.

Бояд гуфт, ки ахиран дар Тоҷикистон мақомдорон аз гуфтани таппак хело эҳтиёт мекунанд, чун байни мардуми норозӣ ва мухолифон раисҷумуҳур Рамҳонро баъзан бо лақаби “Таппак” ёд мекунанд. Ин ҳам пас аз онест, ки Рамҳон дар як паёмаш ба мардум ҳушдор дода буд, ки барои зимистонгузаронӣ таппак захира кунанд. 

____________________________
Дар ин гӯша матолиби гуногун аз навиштаҳои таҳлилгарон ва коршиносон нашр мешавад, ки муҳтавои онҳо метавонад мухолифи мавқеи Azda tv бошад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.

Нигаронии Душанбе ва Маскав аз вазъи Афғонистон

Русия ба Тоҷикистон дар робита ба авзои ахири амниятӣ дар Афғонистон ва инчунин бораи таъмини амнияти марзҳо итминон дод.

Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ноболиғон дар Тоҷикистон маҳдуд мешавад?

Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ аз афзоиши истифодаи телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ миёни ноболиғон пешниҳод кард, ки ин масъаларо мақомот баррасӣ кунанд.

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.