Хабар БЛОГИ ШУМО МАҚОЛА

Миллион сарбози кушта дигар тахаюлӣ нест. Аммо чанд тоҷик?

Мақомоти укроинӣ ва шабакаҳои ҷосусии ғарбӣ мегӯянд, шумори талафоти сарбозони Русия дар ҷанг рӯзона ба беш аз 2 ҳазор нафар мерасад.

Миллион сарбози кушта дигар тахаюлӣ нест. Аммо чанд тоҷик? Акс бо ҳуши маснуӣ сохта шудааст.

Ҳафтсаду бист ҳазор нафар. На захмӣ, на маҷмуъи куштаву маҷруҳ, балки танҳо кушташудагони артиши Русия дар ҷанги Укроин. Ин арзёбии нави “Медуза” ва “Медиазона” аз талафоти Русия то охири сентябри соли 2026 аст. Рақаме, ки пушти ҳар воҳидаш як зиндагии қатъшуда ва хонаводаест, ки ҷанг барои он дигар ҳаргиз тамом намешавад. На танҳо хонаводаҳои рус, балки ҳазорон (бале ҳазорон!) хонаводаи тоҷик ҳам!

То охири сентябри соли 2026 дар пойгоҳи Росстат, ки ҳакерҳо ба он даст ёфтаанд марги ҳадди ақал 490 ҳазор низомии рус сабт шудааст. Аммо ин ҳамаи шумор нест: агар онҳое, ки марги онҳо ҳанӯз ба қайд гирифта нашудааст, ба ҳисоб гирифта шаванд, шумора аз 720 ҳазор мегузарад. Маркази NEST Centre бо усули дигар шумораи низомиёни кушташудаи ба қайд гирифташударо тақрибан 530 ҳазор ҳисоб мекунад ва онро ҳам ҳадди ақал медонад. Дар ин сурат шумор ҳаддиақал ба 760 ҳазор мерасад. Аммо ин ҳам охирин хулоса нест. Чаро, поинтар хоҳед хонд. Аммо ҳоло барои муқоиса: талафоти Русия дар ин ҷанг аллакай аз ҷамъи талафоти ҷанги Афғонистон ва ҳарду ҷанги Чеченистон бештар шудааст.

Рӯзноманигорон маълумоти Росстатро бо феҳристи парвандаҳои мерос, маълумоти кушташудагон ва дигар манобеъ муқоиса кардаанд, ки дақиқ буданашро хеле боло мебарад. Барои хонандаи мо муҳимтар аз ҷузъиёти ин санҷиш натиҷаи он аст: марги инсон ва пайдо шудани номи ӯ дар омори давлатӣ ҳамзамон иттифоқ намеафтанд, бахусус марги сарбоз.

Сарбоз метавонад моҳҳо пеш кушта шуда бошад, аммо хонаводааш бехабар аз марги пайвандаш, ҳанӯз ӯро ҷустуҷӯ кунад. Сабти марги бархе нопадидшудагон беш аз ним сол тӯл мекашад. Аз ин рӯ, рақамҳои охирин метавонанд бештар нопурра бошанд. 

Барои волидону наздикон, албатта, набудани санади марг ҳанӯз ҷои умед боқӣ мегузорад. 

Шахсан бо даҳҳо нафар аз онҳо тамос дорам, ки фарзанди 6 моҳ, 8 моҳ ва ҳатто ду сол қабл нопадидшудаашонро меҷӯянд. Тибқи ҳисоби муҳаққиқони фавқуззикр, 90 дарсади нопадидшудаҳо дар ҷанг кушта шудаанд, вале ҳар падар, ҳар модар ба ин умед аст, ки фарзанди ӯ шомили ҳамон 10 дарсад аст. 

Аммо барои муҳаққиқону таҳлилгарон адами санади марг фарқиятест, ки шумори воқеъиро аз шумори сабтшуда ҷудо мекунад. Бино бар ин барои наздик кардани шумори сабтшуда ба шумори воқеъӣ, усули актуарӣ истифода шуд – усуле, ки ширкатҳои суғурта барои ҳодисаҳои рухдода, вале ҳанӯз эълоннашуда ба кор мебаранд. 

Муҳаққиқон мегӯянд, хунинтарин давраи ҷанг аз баҳори соли 2025 – ҳангоми пешравии Русия ба самти Покровск ва ҷангҳо дар Курск ва Белгород шуруъ шудааст. Он замон танҳо дар як моҳи май зиёда аз 19 ҳазор марг ба қайд гирифта шуд, ки рекорди маълумоти мавҷуд аст. Рӯзи 6-уми майи соли 2025 бо 808 нафар кушта хунинтарин рӯзи ҷанг шинохта шуд. Барои мисол, “ҳамлаҳои гӯштӣ” дар Бахмут, ки дар хотира ҳамчун рамзи бераҳмии ҷанг монданд, танҳо як шашуми талафоти рӯзонаи баҳори соли 2025-ро ташкил медоданд.

Дар омори мақомоти Русия аз тобистони соли 2025 коҳиши пайваста дида мешавад, аммо мақомоти укроинӣ ва шабакаҳои ҷосусии ғарбӣ баръакс, шумори талафоти рӯзона дар се чор моҳи охирро беш аз 2 ҳазор нафар дар рӯз медонанд. Дар ҳамин ҳол, маргумири шаш моҳи охир ҳанӯз дар пойгоҳ нест ва метавонад хеле бештар аз тахмини муҳаққиқон бошад.

Набояд фаромӯш кард, ки ин омор шумори кушташудагон то аввали сентябрро нишон медиҳад. Дар ин се моҳ, ки пурталафоттарин моҳҳо барои артиши Русия маҳсуб мешаванд, тибқи ҳисобҳои манобеъи дигар аз 60 то 80 ҳазор сарбози рус кушта шудаанд. Яъне, шумори умумӣ метавонад тибқи як манбаъ 780-800 ҳазор ва тибқи манбаъи дигар 820-860 ҳазор бошад. Ҳарду манбаъ ҳам таъкид мекунанд ин шуморҳо ҳади ақаланд. Ҳади аксарашро худатон тасаввур кунед. Миллион сарбози кушта ҳам дигар на танҳо фантастикаву дур аз воқеъият нест, балки шояд айни воқеъият ҳам бошад. 

Бояд гуфт, бо фарқ аз ин маълумот, омори расмии мақомоти рус ҳамеша дурӯғ будааст. Вазорати дифои Русия танҳо як бор, 25 марти соли 2022, рақами ба ҳақиқат наздикро эълон кард: 1 351 нафар (дар ҳоле ки 1 326 марг ба қайд гирифта шуда буд). Сипас Шойгу марги 5 937 нафарро то сентябри ҳамон сол эълон кард, дар ҳоле ки 8 234 марг аллакай ба қайд гирифта шуда буд.

Дар ин миён таҳқиқоти Маркази NEST ҷузъиётеро ошкор мекунад, ки барои хонандаи тоҷик аз як тараф муҳим ва аз тарафи дигар бисёр дарднок аст. Муҳаққиқон дар маълумоти Росстат 6 947 сабти марги шаҳрвандони хориҷии дар ҷанг кушташударо муайян кардаанд. Аз ин миён 4 091 нафар, ё 58,9 дарсад, шаҳрвандони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ будаанд: Қазоқистон – 1 375, Узбекистон – 1 301, Тоҷикистон – 831, Қирғизистон – 415, Туркманистон – 169.

831 нафар кушта дар ҷанги бегона албатта шумораи бузургест – ин рақам ҳудуди 5 дарсади артиши Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Аммо шумор метавонад ба маротиб бештар бошад. Худи марказ таъкид мекунад, ки ин рӯйхат комил ва рақами ниҳоии талафоти хориҷиён нест.

Пеш аз ҳама ба ин рақам танҳо онҳое ворид шудаанд, ки танҳо шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд, чун онҳое, ки дорои душаҳрвандианд ҳамчун шаҳрванди Русия ба ҷанг бурда шудаанд. Баъдан, тоҷикони зиёде дар Русия зиндагӣ мекунанд, ки бархе дорои душаҳрвнадӣ буда ва бархе танҳо шаҳрвандии Русияро доранд. Шумори ин ду гурӯҳ метавонад ба маротиб бештар аз шумори шаҳрвандони танҳо Тоҷикистон бошад. Яъне, шумори тоҷики кушташуда дар ин ҷанг метавонад ду-се-чаҳор баробари ин рақами зикршудаи 831 бошад. 

Мутаассифона, ин ҳам кулли мусибат нест. Таҳқиқоте, ки анҷом медиҳем, моро ба ин бовар наздиктар мекунад, ки на ҳама тоҷикони кушташуда дар ин ҷанг, чи шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳатто чи дорои душаҳрвандӣ дар ҳеҷ оморе ба қайд гирифта намешаванд. Барои мисол, аз рӯйхати куштаву нопадидшудаҳое, ки тавассути манобеъи худамон бо тамос бо пайвандони онҳо ҷамъоварӣ кардем, мо 50 нафаре интихоб кардем, ки 25 нафарашон дорои душаҳрвандӣ ва 25 нафари дигарашон танҳо шаҳвандони Тоҷикистон буданд. 44 нафари онҳо дар ҳеҷ омори мақомоти Русия мавҷуд нестанд.

NEST ҳамчунин аз ҳолатҳои ҳуҷҷатшудаи ҷалби муҳоҷирон бо фиребу фишор ёд мекунад: ваъдаи кори шаҳрвандӣ, кумак дар гирифтани ҳуҷҷат ё озодӣ аз зиндон. Ба гуфтаи муҳаққиқон, таҳдиду фишори ҷисмонӣ барои имзои қарордоди низомӣ ҳам сабт шудааст. Беш аз 63 дарсади маргҳои хориҷиёни муайяншуда ба вилояти Донетск рост меояд.

Барои Тоҷикистон аз ин таҳқиқот бояд кори мушаххасе оғоз шавад: санҷидани номҳо, огоҳ кардани наздикон, талаб кардани маълумот ва ҳимояти онҳое, ки ҳанӯз таҳти фишоранд. Ширкату марги ҳазорон нафар дар ҷанги бегона набояд давлатро бетараф гузорад. Барои хонаводаи тоҷик суоли асосӣ ин нест, ки Русия чанд нафарро аз даст дод. Суол ин аст: фарзанди мо дар ҷанги Русия чӣ кор мекард, чӣ гуна ба он ҷо расид ва кӣ барои сарнавишташ ҷавоб медиҳад?

Чанд нуктаи ҷолиби дигар аз таҳлили NEST Centre

Умри мардон. Соли 2025 умри миёнаи мардон дар Русия то 65,3 сол паст шуд, дар ҳоле ки умри занон ба рекорди 79,3 сол расид. Фарқ 14,1 сол аст – бузургтарин аз соли 1959. Сабаби асосӣ марги мардони 15 то 54-сола мебошад.

Ҷанг дар хоки Русия. Дар ҷангҳо дар қаламрави худи Русия тақрибан 17 500 низомӣ кушта шудааст: ҳудуди 16 000 дар Курск ва ҳудуди 1 500 дар Белгород. Ин рақам ҷолибтар мешавад, вақте онро бо сарбозони кушташудаи Шӯравӣ дар ҷанги даҳсолаи Афғонистон муқоиса кунем. Дар он ҷанг камтар аз 14 500 низомиёни шӯравӣ кушта шуда буданд.  

“Кодҳои партов”. Шумораи қатлу худкушӣ дар омори Русия ба поёнтарин сатҳ расидааст, аммо шумораи маргҳои “бо сабаби номуайян” афзудааст. Демографҳо эҳтимол медиҳанд, ки қисми зиёди зӯриву қатлҳо маҳз дар ҳамин гурӯҳ пинҳон шудаанд.

Мавзӯъҳои марбут