3.9 C
Dushanbe

Бо гузашти як моҳ пайвандони Вазирбековҳо бо онҳо мулоқот накардаанд

Бо гузашти як моҳ аз рабуда шудани фаъолони маданӣ Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо аз Русия ба Душанбе, пайвандону наздиконашон то ҳол бо онҳо мулоқот накардаанд.

Pamir Daily News дар истинод ба манобеаш хабар медиҳад, ки Вазирбековҳо иҷозаи мулоқотро надоранд, зеро мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд ва вазъи саломатиашон имкон намедиҳад, ки онҳоро ба наздиконашон нишон диҳанд.

Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо шаҳрвандони Федератсияи Русия буда, наздикону пайвандонашон дар Русия ба Додситонии кул, Хадамоти амнияти федеролии (ФСБ), Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати корҳои дохилии ин кишвар барои рӯшани андохтан дар қазияи рабуда шудани ин ду фаъолои ҷомеаи шаҳрвандӣ муроҷиат кардаанд. Аммо то ҳол ҷавоби дақиқ нагирифтаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар охирҳои моҳи июли соли ҷорӣ Рамзӣ ва Ораз Вазирбековҳо, зодагони Бадахшон аз Маскав рабуда шуда буданд ва чанде баъд дар наворе хабар доданд, ки дар Тоҷикистон назди кормандони интизомии кишвар қарор доранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ибораи “Ҳама садай” ибораи сол байни ҷавонон эълон шуд. Баҳси доғеро ба вуҷуд овард

Сафорати Олмон дар Тоҷикистон бо нашри як видео дар саҳифаи расмии худ дар шабакаи иҷтимоии Facebook эълон кард, ки калимаи "ҳама садай" ҳамчун ибораи маъмул миёни ҷавонони тоҷик интихоб шуда ва муаллифи пешниҳоди он бо ҷоиза қадрдонӣ гардидааст.

Додгоҳ ҳукми гумонбари куштори як хонавода дар Рудакиро эълон кард

Додгоҳи олии Тоҷикистон яке аз гумонбарони асосӣ дар қатли Шаҳло Назарова ва се фарзанди ноболиғашро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Лукашенко 123 маҳбуси сиёсии дигарро озод кард

Раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко 13-уми декабри соли ҷорӣ, 123 маҳбуси сиёсии дигарро озод кард.

“Коля тоҷик” дар ҷанги Украина кушта шуд

Бино ба иттилои дастрас, блогери маъруфи тоҷик Комрони Шуҳрат маъруф бо лақаби "Коля тоҷик", дар ҷанги Русия алайҳи Украина кушта шуд.