30.9 C
Dushanbe

Бо кумаки СБМ муҳоҷирони дармондаи тоҷик ба Ватан расиданд

Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) дар минтақаи Осиёи Марказӣ 376 нафар муҳоҷирони кории осебпазири тоҷик, ки дар шароити душвор қарор доштанд, аз Қазоқистон ба Ватан баргардонидааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин созмон рӯзи 1-уми декабр муҳоҷирони тоҷик аз гузаргоҳи Жибек-Жоли бо мусоидати СБМ дар ҳамдастӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва диаспораҳо ба Ватан оварда шуданд.

Гуфта мешавад, ки  “муҳоҷирон  бо умеди гузаштани қаламрави Узбекистон ва расидан ба сарҳади Тоҷикистон қариб 30 соат вақт сафар намуда бархеи дигар барои раисдан ба Чимкент аз Қарағанда, Павлодар, Петропавловск, боз 1400 километр роҳро то расидан ба сарҳад тай кардаанд.

Созмони байнулмилалии муҳоҷират то имрӯз барои ихтиёрӣ ба Ватан баргаштани 3 ҳазор муҳоҷири тоҷик кумаку мусоидат кардааст.

Дар идома гуфта шудааст, ки СБМ нақша дорад, барои ба ватан баргардонидани шахсони эҳтиёҷманд кумак намуда, онҳоро аз фазои холӣ (вакуум)-и ҳуқуқӣ, ки бар асари пандемия дар он қарор гирифтанд, раҳо созад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Танишҳои дипломатӣ байни Русия ва Озарбойҷон

Дар пайи боздошти даҳҳо озарбойҷонӣ дар шаҳри Екатеринбург, байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон танишҳои шадиди дипломатӣ ба миён омадааст.

130 млн доллари Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Фонди Рушди Арабистони Саудӣ Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот кардааст.

Ихроҷи густардаи афғонҳо аз Эрон

Мақомоти эронӣ пас аз ҷанги 12-рӯза бо Исроил ихроҷи густардаи муҳоҷирони афғонистониро рӯи даст гирифтаанд.

Ҳушдор! Ба Белорус сафар накунед!

Он муҳоҷирони тоҷикистоние, ки аз Русия бо сабабҳое ихроҷ ва мамнуъулвуруд шудаанд, ба Белорус ҳам сафар карда наметавонанд.