Ҷомеа

Дороиҳои Бобаки Занҷонӣ ба Эрон баргардонда мешаванд

Мақомоти Эрон мегӯянд, ки миллиардери зиндонии ин кишвар, ки дар Тоҷикистон беш аз се миллиард доллар дошт, зинда аст.

Акс аз манбаъҳои боз

Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, мақомот дар робита ба пулҳо ва дороиҳои миллиардери зиндонии ин кишвар эълон карданд, ки "сарнахҳои бисёр хубе ба даст омадааст ва акнун Бобаки Занҷонӣ дар зиндон аст."

Ба қавли Хабаргузории донишҷӯёни Эрон, "то кунун нисбат ба шиносоии амволи Бобаки Занҷонӣ дар дохили кишвар ва арзёбии амвол ва интиқолу истирдоди амволи хориҷ аз кишвар ин фард иқдоми ҷиддӣ ва густурда сурат гирифтааст ва то кунун ҳуҳуди 500 миллион доллар ба Вазорати нафт вогузор шудааст."

Сухангӯи Қувваи қазоияи Эрон ба расонаҳо гуфтааст, амволи умумии Бобаки Занҷонӣ 1 миллиарду 966 миллион евро аст ва дар мавриди дигар даъвоҳои Вазорати нафт дар ҳамкорӣ бо мақомоти прокуратураи шаҳри Теҳрон иқдом мекунанд.

Ҷолиб он ки вакили мудофие ин тоҷири замоне машҳур дар Тоҷикистон гуфтааст, то замони сари қудрат омадани Иброҳим Раисӣ, дар ин парванда Созмони иттилооти Сипоҳ амал намекард, вале акнун бо ҳамкории ин созмон шароит беҳтар шудааст.

Гуфта мешавад, Бобаки Занҷонӣ, ба зоҳир яке аз дӯстони хонаводагии Эмомалӣ Раҳмон буд. Ӯ дар Тоҷикистон бонки хусусӣ бо номи "Кант", ширкати мусофиркашонии байнишаҳрӣ "Asian Express Terminal", «Конт – Таъминот», «Конт - Турист», ширкати ҳавопаймоии "Asian Express Airline" ва «Конт – сохтмон» ва чандин тарҳҳои дигари тиҷоратӣ ҳам, ки бо сармоягузории садҳо миллион доллар амалӣ карда шуданд, дошт. Аксари ин тарҳо бо ҳузури худи Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буданд.

Ба қавли ББС, исми Бобаки Занҷонӣ дар листи таҳримҳои Ғарб қарор дошт ва соли 2013 пас аз боздошт "масъулони Бонки миллии Тоҷикистон ироаи санаде дар мавриди интиқоли ду милёрд дуллор ба Вазорати нафти Эрон барои Бобаки Занҷониро такзиб кардаанд."

Бобаки Занҷонӣ дорандаи чанд паспорт ва аз ҷумла як шиносномаи тоҷикӣ ҳам аз шаҳри Ҳисор дошт. Аммо вақте дар Теҳрон боздошт шуд, натанҳо Эмомалӣ Раҳмон, балки дигар мақомоти Тоҷикистон ба вай пушт карданд. Инчунин яке аз заминаҳои сард шудани муносибатҳои Душанбеву Теҳрон ҳам амволи ба ҷо мондаи ӯ дар Тоҷикистон буд, ки маблағи онҳо ҳудуди 3,5 миллирд доллар арзёбӣ мешуд.

Бобаки Занҷонӣ дар гузашта яке аз тоҷирони муваффақи эроние буд, ки барои дур задани таҳримҳои Ғарб ба нафъи ҷумҳурии исломӣ кор ва тиҷорат мекард. Вай декабари соли 2013 дар Теҳрон боздошт шуд ва сипас ба иттиҳоми напардохтани пули қарз-нафтҳои гирифтааш аз Вазорати нафт ба иттиҳоми фасод ба эъдом маҳкум шуд, аммо бо гузашти 10 сол то ҳол мақомоти эронӣ натавонистаанд, ки тамоми дороиҳои ӯро ба нафъи Вазорати нафти ин кишвар, ки аз муддаъиёни асосии парвандаи ӯст, баргардонанд.

Хонандагони азиз, лутфан, ҳар хабару гузоришеро, ки мушоҳида мекунед ва ё пешниҳоду суоле доред, метавонед онро ба мо, тариқи почтаи электронӣ, Telegram, WhatsApp, Viber ва Imo ба ин рақам:

Матолиби дигари Ҷомеа

Тоҷикистон

КДАМ: Бачаат гапатро нагирад, оқаш кун!

Тоҷикистон

"Маршировка" бо истихдоми 19 ҳазор нафар дар Хуҷанд

Тоҷикистон

Зарарҳои зилзила дар Тоҷикистон мушаххаст шуд

Тоҷикистон

Заминларзаи шаби гузашта даҳҳо хонаро дар Мастчоҳ хароб кард