Мақомоти шаҳри Душанбе эълом дошта, ки соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ метавонанд “Боғи ҳайвонот”-ро ҳамчун моликияти хусусӣ бунёд кунанд. Албатта, он бо пешниҳоди лоиҳаи дахлдор ва ё дар асоси лоиҳаи таҳиягардида бояд сурат бигирад.
Ба иттилои хабаргузории ҳукуматии “Ховар” ин иқдом аз ҷониби мақомоти шаҳри Душанбе дастгирӣ меёбад.
Гуфта мешавад, барои бунёди “Боғи ҳайвонот” дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 14 декабри соли 2020 дар буриши хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 13 гектар қитъаи замин ҷудо карда шудааст.
Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт лоиҳаи боғи мазкурро аз рӯи технологияи муосир ва бо назардошти фикру мулоҳизаҳои мутахассисони аврупоӣ таҳия намудааст.
Дар хабар қайд шуда, ки мавзеи ҷудогардида барои ташкили ҳама гуна имконияти нигоҳдорӣ, аз ҷумла ҷойгиронии ҳайвонот, парандаҳо ва хазандаҳо мувофиқ буда, инчунин фароҳам овардани шароити озоди гашту гузори ҷонварон, ки талаботи замони муосир мебошад, ба назар гирифта шудааст.
Мақомти марбута шумораҳои телефони худро низ нашр карда (221-94-38, 221-27-19) аз хоҳишмандон хоста, ки барои огоҳӣ ёфтан аз маълумоти муфассал метавонанд бо ин шумораҳо тамос бигиранд.
“Боғи ҳайвонот”-и шаҳри Душанбе аз замони Шуравӣ боқӣ монда он соли 1960 бунёд гардида, то ҳол чандон таъмиру бозсозии хуберо надидааст. Ба гуфтаи сокинон шароити нигаҳдории ҳайвонот дар боғи мазкур номусоид буда, ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест. То солигузашта дар ин боғ тақрибан ҳазор сар ҳайвонот нигоҳдорӣ мешуд.